Баргузории ҷаласаи Платформаи миллӣ дар шаҳри Душанбе

6 декабри соли равондар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” таҳти сарварии Ҷонишини аввали Раиси Платформаи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи Платформаи милии коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи аъзои Платформаи миллӣ дар бораи гузаронидани чорабиниҳо оид ба омодагии хадамоти роҳу нақлиёт ба офатҳои табиӣ дар мавсими зимистон шунида шуд, натиҷаи маблағгузори чорабиниҳо оид ба пешигирӣ вабартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, натиҷаҳои таҳлилҳои муҳандисиву геологии ҷойҳои хатарнок ба равандҳои экзогенӣ, натиҷаи мизҳои гирд дар масоили идораи хатари офатҳо ва сармоягузории чорабиниҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Илова бар ин масъалаҳо дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ ва намудҳои нави зараррасонҳо, ки дар ҷумҳурӣ ғайримаъмуланд ва ҳамчунин лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи коҳиши хатари офатҳо, аз ҷумла лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд ва лоиҳаи фаромарзии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар барарсӣ гардиданд.

Дар ҷаласа лоиҳаи Барномаи миёнамӯҳлати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд барои солҳои 2019-2020 ҷиҳати татбиқи Стратегияи Миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ва ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои Платформаи миллӣ – ҷонишинони роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои кишвар, ҳамчунин сарварон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллӣ мебошанд, ширкат намуданд. 

Дар поёни ҷаласа миёни ширкаткунандагон дар атрофи масъалаҳои мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: