Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил шудан ба Донишкадаи ВКД Қазоқистон интихоби ҷавонписарони аз 17 то 24-ро эълон мекунад. Таҳсил тибқи барномаи омӯзишии бакалавр “Ҳифозат дар ҳолатҳои фавқулода” мегузарад. Касоне, ки ба Донишкада дохил мешаванд, дар давраи омӯзиш дар вазифаи курсант хоҳанд буд.
Дар муддати довталабӣ номзадҳо ба таҳсил ба ин хизматрасониҳо пул пардохт мекунанд:
- Се маротиба хӯрок барои 8 рӯз, ки рӯзе 13 00 танга ва ҳамагӣ 10400 танга (1 танга баробар ба 0,025 сомонӣ);
- шустушӯ дар ҳаммом - 500 танга;
- ташхиси тиббии мутахассисон – духтурони комиссияи мувафақатии Донишкада (ВВВК) - 8200 танга (тахминӣ);
- дар ҳоли зарурат номзадҳо барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ тибқи роҳхати мутахассисон пули иловагӣ пардохт мекунанд.
Тавсия мешавад, ки ҳар номзад на каамтар аз 30 000 танга бо худ дошта бошад. Доштани шиносномаи хориҷӣ барои номзадҳо ба таҳсил ҳатмист.
Шароитҳо баъди дохил шудан:
- донишҷӯён бо хобгоҳи ройгон таъмин карда мешаванд;
- се соли таҳсил низ ройгон аст;
- муддати се соли таҳсил бо стипендия тибқи андозае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон муайян кардааст, таъмин мешаванд;
- муҳлати таҳсил 4 сол ва хатмкунандагон соҳиби унвони “Бакалавр” мешаванд.
- таҳсил рӯзона аст.
Хоҳишмандон бояд ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита на дертар аз 1-уми июли соли 2019 аризаи худро супоранд.
Суроға: 734013, ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 26, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Телефон барои маълумот: (+992 37) 227-71-81.