Таҷлили Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

26 - 27 июни соли 2019 дар як қатор воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 22-солагии Ваҳдати миллӣ ҷаласаҳои тантанавӣ баргузор шуданд. Чунончӣ, дар ҷаласаи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе қайд гардид, ки барқарор шудани сулҳу субот, ба даст омадани ризояти миллӣ дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик аст. Сардори Раёсат полковник Р.Неъматзода дар суханронии худ аз ҷумла гуфт: “маҳз ба шарофати сулҳу оштӣ ва субот ва хиради мардум ҷудоиву парешонии миллат боздошта шуд”.

Дар ҷараёни маҷлиси дар Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, ки намояндагони Ҳизби Халкӣ-Демократии Тоҷикистон дар ин вилоят - Саидов Саидумрон ва Ҷабборзода Парвиз ширкат карданд, раванди сулҳи тоҷикон ва талошҳои Пешвои миллат барои барқарории субот дар кишвар таҳлил шуд. Онҳо дар мавзуи “Муоҳадаи умумии барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ карданд. 

Онҳо зимни суханронии худ марҳилаҳои гуфтушуниди сулҳи тоҷиконро ёдрас намуданд, дар бораи нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, аҳамияти Созишномаи сулҳи имзошуда ибрози назар карданд.

Дар қисмҳои ҳарбӣ низ ҷаласаҳои тантанавӣ доир шуданд, ки дар онҳо собиқадорони КҲФ, ки солҳои 90 дар ниҳод кор мекарданд, хотироту таассуроти худро аз ҷангу сулҳ нақл карданд. Ҳикояти шоҳидони он рӯзгори пурошӯб бешубҳо ҷавононро тарбия мекунад, онҳо беш аз ҳар замони дигар ба қадри сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ мерасанд.

барчасп: