Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ташкилоти “Добрососедство” чорабиние бо номи “Рӯзи дарҳои боз” баргузор гардид, ки дар он наздик ба 100 нафар кӯдакон ва наврасони пойтахт ширкат намуданд. Ин чорабинӣ ба 25-умин солгради таъсиси идораи наҷоти кишвар роҳандозӣ шуда буд.
Меҳмонони хурдсол аз бинои Маркази таълимӣ дидан карданд, ба онҳо техника ва таҷҳизоте, ки барои корҳои наҷот, бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудаанд, намоиш дода шуданд. Кудакон ва наврасон бори аввал ба биное мутааллиқ ба КҲФ ворид мешуданд ва барояшон ҳама чизи диданӣ ҷолиб буд. Онҳо доир ба ҳамаи техника суол мекарданду посух дарёфт мекарданд.
Бачаҳо чун донистанд, ки наҷотдиҳандагон ба чӣ техникаву таҷҳизоте даст ба корҳои наҷот мезананд, дарк карданд, ки ин одамон бояд хеле неруманду қавӣ бошанд, ки аз уҳдаи чунин корҳои сангин бароянд.
Дар ҷараёни диду боздид кормандони Кумита ба кудакон ва наврасон дар бораи таъсиси Кумита, ташаккул, гузашта ва имрӯзи фаъолиятҳои он ҳикоят карданд. Ва чун мавсими тобистону таътил аст, табиист, ки ба онҳо дар бораи қоидаҳои будубош дар оғӯши табиат, ҳимоя аз офтоби сӯзон, шиноварӣ ва истироҳат дар тафреҳгоҳҳои наздисоҳилӣ низ ҳарф заданд. Ва барояшон китобчаҳои таблиғотие, ки дар КҲФ омода шудааст, тақдим шуд.
Мактаббачаҳо ба кормандони наҷоти Кумита барои ин сайри пурмуҳтаво изҳори сипос карданд ва гуфтанд, ки қоидаҳои бехтарие, ки дар бораи он ин ҷо сухан рафт, ҳамеша риоя хоҳанд кард.