Дарсҳои омӯзишӣ дар истироҳатгоҳҳои соҳилии вилояти Суғд

 Дар авҷи мавсими оббозӣ кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш идома медиҳанд. Корҳои таблиғӣ дар баробарои санҷиши ҳолати тафреҳгоҳҳои соҳилӣ, мавҷудияти таҷҳизоти тиббӣ ва гӯшаҳои деворӣ бо варақаву дастурҳои таблиғотӣ сурат мегирад. Онҳо бешар ба постгоҳҳои назоратӣ ва бозомӯзии кормандони наҷот таваҷҷуҳ мекунанд.

Бо мақсади омода сохтани воҳидҳои наҷот, ки дар давраи мавсими шиноварӣ навбатдорӣ мекунанд, Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд дар минтақаи истироҳатии “Баҳористон” дарсҳо баргузор карданд. 

Барнома ҳам омӯзиши масъалаҳои назариявӣ ва ҳам амалиро дар бар мегирифт. Дар ҷараёни он наҷотдиҳандагон ба одамон дар бораи қоидаҳои бехатарӣ дар об, наҷоти ғарқшавандагон, ёриҳои аввалияти тиббӣ ҳикоят карданд. Баъди жарсҳои назариявӣ корҳои амалӣ шуруъ шуданд. Баъди анҷоми дарсҳо ва супурдани имтиҳонот омӯзишдидагон соҳиби шаҳодатномаҳо мешаванд ва ҳақи навбатдорӣ дар махзанҳои обро пайдо мекунанд. 

 Маврид ба ёдоварист, ки шаҳри Гулистон яке аз минтақаҳои калони истироҳатӣ ва фароғатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар мавсими истироҳатӣ ҳазорҳо нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои истироҳату фароғат ташриф меоранд. Вобаста ба калон будани ҳудуди обии шаҳр, ҷойгир будани обанбори «Баҳри Тоҷик» мамлакат дар минтақаи мазкур мавзеъҳои истироҳатӣ, обутобгоҳу шиногоҳҳо ба ба худ сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд.

Аз ин лиҳоз, Раёсати вилоят ҳамасола масъалаи таъмини бехатарии истироҳаткунандагонро зери назорати қатъии худ қарор дода, дар якҷоягӣ бо маъмурияти минтақаҳои истироҳатӣ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ бо наҷотдиҳандагони ин минтақахо машғулиятҳои омузишӣ гузаронад.

барчасп: