Истифодаи дуруст ва оқилонаи офтоб, ҳаво ва об ба обутобёбӣ ва таҳкими саломатии инсон оварда мерасонанд. Вале дар мавриди нодуруст рафтор кардан дар назди кӯлу дарёҳо, обанборҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ, инсон метавонад ба оқибатҳои нохуш гирифтор шавад. Дар баъзе мавридҳо одамон бар асари риоя накардани ин қоидаҳо ғарқ мешаванд.
Оморҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ 140 нафар ғарқ шуданд. 27 нафари онҳо кӯдакони то даҳсола ва 23 нафарашон то ҳабдаҳсола мебошанд. Аз ҷумлаи ғарқшудагон 48 нафарро шахсони 35-сола ташкил медиҳанд.
Бинобар ин ба ҳар инсон зарур аст, ки шиновариро омӯзад, ҳамеша қоидаҳои онро риоя кунад ва тавонад сари вақт ба ёрии ғарқшудагон расад.
Бахусус беназорат мондани кӯдакон дар соҳилҳо басо хатарнок мебошад. Кӯдак ҳатто метавонад аз шуои офтоб осеб дида, гирифтори оқибатҳои нохуш гардад.
Барои таъмини амнияту бехатарӣ дар об бояд қоидаҳои зерини бехатариро донист ва риоя кард:
- барои дар об ғарқ нашудан, бояд маҳорати хуби шиноварӣ дошт;
- ҳангоми шиноварӣ аз соҳил дур нараванд, чунки дар мавриди аз соҳил дур шудан қуввати шиновар заиф гашта, у ногаҳон ба таҳлука меафтад;
- танҳо баъди 1,5 - 2 соати ғизо хӯрдан, метавон оббозӣ кард;
- то назди заврақҳои муҳаррикдошта шино накунед, чунки ҳангоми наздик шудани заврақ, сатҳи об боло меравад ва баъди гузашта рафтани он, сатҳи об якбора паст шуда, метавонад боиси ғарқшавии шахс гардад;
- дар ҷойҳое, ки обсабзаҳо мерӯянд, набояд шино кард, чунки хатари ба онҳо печидан ва дар гирдоб ғарқ шудан пайдо мегардад;
- набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об ба он ворид шуд;
- дар ҳолати мастӣ вориди об нашавед;
- дар об саргарми ҳар гуна бозиҳои аз дасту пой доштан ва ҳаракатро маҳдуд сохтан нашавед;
- ба кӯдакон ҳатман оббозӣ омӯзонед ва ҳангоми дар наздикии об будан, онҳоро беназорат нагузоред;
- агар ҳарорати бадани шумо боло ё поин бошад, оббозӣ кардан мумкин нест, ин хеле оқибати нохуб хоҳад дошт, дар об дар чунин ҳолат мондан хатарнок аст;
- дар ҷойҳои ношинос оббозӣ накунед;
- дар ҷойҳое, ки оббозиро манъ кардаанд ва ин гуна аломатҳо гузошта шудаанд, ҳаргиз оббозӣ накунед;
- агар шумо оббозӣ карда наметавонед ва нохост вориди об шудед, дар об рӯболо бихобед, дастонатонро ба ду тараф кушоед, метавонед чуқур-чуқур ва тез-тез нафас кашед;
- дар ҳолати амудӣ дар дохили об будан, пойҳоятонро тавре ба ҳаракат дароред, ки гӯё шумо дар дучарха педал мезанед;
- агар хаста шудед, пас пуштнокӣ хобида, дар руи об истироҳат кунед, барои ин бозувон ва пойҳоятонро ҷафс накунед, ба сар дар об хобед ва истироҳат намоед;
- агар шумо хунук хӯрда бошед, дасту пойҳоятонро бо навбат ҷунбонида, гарм шавед ва чун замоне мегузарад, дубора ба самти соҳил ҳаракат кунед;
- агар шумо дар ҷараёни об мондед, диагоналӣ ба самти соҳили наздик ҳаракат кунед;
Ва боз: Ёдовар мешавем, ки ҳангоми ҳалатҳои фавқулода ва рӯйдодҳои нохуш, шумо метавонед ба қисми навбатдории фаврии КҲФ бо телефонҳои зерин муроҷиат намоед:
112;
93 880 28 19;
223-13-11;
221-91-19.