Тобистон фаро расид, мактабҳо таътил эълон карданд. Мавсими истироҳати тобистона барои ҳазорон мактаббачагони синну соли гуногун ҳам фаро расид. Онҳое, ки мехоҳанд таътилашон дар лагерҳои истироҳатӣ гузарад, аз ҳоло омода мешавад. Чанд рӯз баъд лагерҳои хомӯш аз садои бачаҳо пур мешаванд. Вале оё онҳо ба пазириш омодаанд? Барои пайдо кардани посух ба ин суол, кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе чанде аз ин лагерҳоро аз назар гузарониданд.
Бо мақсади санҷиши омодагии лагерҳо ба қабул ва пазириши атфол Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар лагерҳои бачагонаи саломатии «Орзу», «Шарора», «Зимчуруд» ва «Гулхан» санҷиш гузарониданд. Ҳадаф аз назар гузаронидани шароитҳои омодакардаи масъулин барои пазириши бачаҳо ба истироҳати тобистона буд.
Кормандони Раёсат бештар қаламрави ҳавзҳои шиноварӣ, таҷҳизоти варзишӣ, бахши ғизохӯрӣ, утоқҳои тиббӣ, маркази назорат ба сӯхторро аз назар гузарониданд.
Ғайр аз ин кормандони Раёсати КҲФ бо кормандони лагерҳо тадбирҳои бехатарӣ дар обҳо ва амалҳои фаврӣ дар ҳоли рух додани ҳодисаҳои нохушро тамрин карданд.
Барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда кормандони КҲФ ба роҳбарони лагерҳо дастуру тавсияҳои лозим доданд.