Мулоқоти кормандони Раёсати Кумита бо 150 донишомӯзи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо 150 нафар донишомӯзони Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав мулоқот карданд. Ҳадафи ин дидор роҳандозии таблиғоти пешгирикунанда аз ҳодисаҳои нохуш буд.

Онҳо ба ширкаткунандагон дар бораи таърихи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, ташаккули он, дар бораи хадамоти наҷот нақл карданд. Ширкаткунандагон донистанд, ки имсол ба ташкили ин Кумита 25 сол мешавад. Ҳамчунин дар бораи чорабиниҳое нақл карданд, ки дар ҳамин иртибот Раёсати КҲФ дар қаламрави вилоят баргузор мекунад.

Ғайр аз ин ба донишҷӯён оид ба ҳаводиси нохуше, ки дар мавсими тобистони соли гузашта дар махзанҳои оби вилоят рух дод, нақл карданд ва огоҳ намуданд, ки боз ҳам мавсими оббозиву рӯзҳои истироҳату тафреҳ фаро мерасанд ва одамон пеш аз он ки вориди об шаванд, аввал бояд қоидаҳои оббозӣ ва бехтарии будубош дар назди махзанҳои обро бидонанд. Ин қоидаҳоро дар суҳбат бо донишҷӯён бори дигар ёдовар шуданд ва баъзе амалҳо, аз ҷумла расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ба ғарқшудагони наҷотёфтаро нишон доданд. 

- Ин гуна табдирҳо ба он хотир гузаронида мешаванд, ки аз ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ шаванд. Ба ин бовар ва ба ин умедем, ки тадбирҳои пешгирӣ ва дидору мулоқот бо ҷавонон ба коҳиши хатари офатҳо ва рӯйдодҳои нохуш мусоидат мекунад”,- гуфт корманди Раёсат, подлполковник В.Ашӯров.

Дар поёни чорабинӣ ба донишҷӯён варақаҳо ва китобчаҳои таблиғотии “Қоидаҳои рафтори бехатар дар об” тақсим карда шуданд.

барчасп: