Баҳси экстремизм ва терроризм дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии густариши ғояҳои зкстремизм  ва терроризм дар миёни ҷавонон баргузор шуд. Дар ин чорабиниҳо кормандони КҲФ, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, намояндагони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, Кумитаи кор бо дин, танзими анъана ва расму маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.

 Ҳадафи аслии чорабинӣ ошкор сохтан ва фаҳмонидани масъалаҳо роҷеъ ба муқобила бо ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ, роҳҳо ва шеваҳои ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ ва пешгирӣ аз он буд. 

Намояндаи Кумитаи кор бо дин, танзими анъана ва расму маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамиров қайд кард, ки терроризм ва экстремизм ҳеч иртиботе ба Ислом надоранд, Ислом динест, ки мубаллиғи ахлоқи поку ҳамида, Ислом инсонҳоро ҳимоя мекунад, онҳоро поктар месозад, на ин ки онҳоро аз нигоҳи ахлоқӣ ва ҷисмонӣ хароб созад. 

Кормандони КҲФ ва Сарпрокуратураи ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ дар бораи терроризм чун зуҳуроти номатлубе, ки инсонҳоро нобуд месозад, нақл карданд. Онҳо дар бораи оқибатҳои ҳалокатовари амалҳои террористону экстремистон, ҷалби одамон ба ҷараёнҳои гуногуни ғайрианъанавӣ ҳикоят намуданд ва гуфтанд, ки ин афрод аз хонаводаҳои худ мераванд, ба ин гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд. Дар суҳбатҳо мисолҳои зиёду оморҳои дақиқ оварда шуданд, ки чӣ гуна инсонҳо бо ҳар васила ба кишварҳои хориҷӣ рафтанд ва якҷо бо ифротгароён даст ба амалҳои тахрибкорӣ заданд.

 Дар поёни мулоқот меҳмонон ба ширкаткунандагон тавсияҳо доданд, ки чӣ гуна бояд дар ин гуна ҳолатҳо муносибат кард, ба таблиғоти дурӯғин чӣ гуна бояд дода нашуд ва аз куҷо бояд донист, ки ин таблиғот аслан поя надорад.

Гуфтанист, ки чорабиниҳои мазкур дар доираи татбиқи амалии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 гузаронида шуданд.

барчасп: