Дарсҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимоти миёнаи Бохтар

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар чор муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Бохтар дарсҳои омӯзишӣ гузарониданд, ки дар онҳо наздик ба 900 хонандагон ва муаллимон иштирок намуданд.  Ҳадафи мулоқот такмили донишу малакаҳо дар шароити таҳдидҳо ва ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин тарбияи ҳисси масъулият ба амнияти шахсӣ ва ҷамъӣ мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ба бачаҳо дар бораи фаъолияти идораи наҷот, зинаҳои ташаккули он маълумот дода шуд, техникаи наҷотро намоиш доданд.  

Ғайр аз ин дар доираи чорабиниҳои роҳандозишуда кормандони Раёсати КҲФ оиди амалҳо ва қоидаҳои бехатарӣ дар махзанҳои об дар мавсими тобистон машғулият гузарониданд. Зеро тобистон мавсими истироҳату тафреҳ аст ва ҳузури кӯдакону калонсолон дар соҳили рӯдхонаву каналҳо ва ҳавзҳои оббозӣ таваҷҷуҳи хоса талаб мекунад, риояи қоидаҳои бехатарӣ дар ин гуна ҳолатҳо басо муҳиманд. 

«Ҳангоми таътили тобистона хонандагон вақти холии зиёд доранд. Хуб мешавад агар барои онҳо гуфта шавад, ки истироҳати  тобистонаи худро чӣ гуна ва дар куҷо бояд гузаронанд. Ин гуна дарсҳои омӯзишӣ маъмулан хеле муфиданд ва онҳо метавонанд дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ин ё он хатар, ин дарсҳоро ба ёд оранд ва роҳи наҷотро пайдо кунанд”,- мегӯяд сардори Раёсат подполковник С. Исозода.

Бачаҳои мо бояд ба ҳолатҳои мухталиф ва вазъи гуногуни ҳаётӣ омода бошанд. Алгоритми рафтор дар ҳолатҳои фавқулодаро дар онҳо бояд аз синни хурдсолӣ ташаккул дод.

 

барчасп: