Чорабинии варзишӣ бахшида ба 25-солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар доираи барномҳои ҷашни 25-солагии Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни ҳайати шахсӣ чорабиниҳои варзишӣ доир мешаванд. Дар рӯйхати ин бозиҳо намудҳои мухталифи варзиш, ба мисли шатранҷбозӣ, мини-футбол, волейбол,  вазнбардорӣ, варзиши сабук ва ғайра дохил карда шудаанд.

Натиҷаи мусобиқот оид ба шатранҷ дар миёни ҳайати шахсӣ ҷамъбаст гардид. Дар ин мусобиқаҳо 9 тим сенафарӣ аз ҳар воҳиди Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории КҲФ ширкат карданд.

Шатранҷ аз ҷумлаи бозиҳои ниёкон буда, вижагиҳои хосе дорад. Аз ҷумла малакаҳои пешбинӣ кардану ба он амал намуданро меомӯзад ва шуури андешаи инсонро такмил медиҳад. Доштани ин гуна малакаву маҳоратҳо барои кормандони бахши амалҳои фаврӣ басо зарур аст.

Ширкаткунандагон бо камоли майл ва бо истифодаи ҳама донишу маҳорат, бо таваҷҷуҳ ва диққати хос бозӣ карданд. Ҷойи аввал насиби тими Дастгоҳи марказӣ шуд.

Корманди Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, лейтенанти хурд Ш.Бобокбоев шатранҷбози беҳтарин эълон шуд. Ҷойи дуюм насиби подполковник Ш.Яфталиев ва ҷойи сеюм ба полковник Ю.Сафаров тааллуқ гирифт. 

Ғайр аз ин мусобиқаи варзишӣ оид ба варзиши сабук низ доир гардид. Ин намуди варзиш чолокиву далериро меомӯзад ва муҷиби он мешавад, ки варзишкор аз нигоҳи ҷисмонӣ хуб рушд кунад. Ба вижа барои наҷотдиҳандагон муфид аст, чун кори наҷот аз инсонҳо чолокӣ ва зудамалиро тақозо мекунад.

Ҳамин тариқ, дар давидан ба масофаи 3000 метр ҷойи аввал насиби фармондеҳи взводи қисми ҳарбӣ, лейтенант А.Маҳмадиев шуд. Корманди Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ, лейтенанти калон Б.Баротов соҳиби ҷойи дуюм ва лейтенанти хурд А.Довруков ҷойи сеюро гирифтанд. 

Ҳадафи баргузори ин гуна чорабиниҳо фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сатҳи корҳои варзишиву беҳдоштӣ, ҳамчунин тақвияти саломатии кормандон аст.

 

барчасп: