Дидори генерал Назарзода бо Валериу Кивер

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо сарвари тозатаъини Дафтари Намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Валериу Кивер мулоқот кард.

Дар оғози мулоқот Сарвари КҲФ ҷаноби Киверро ба муносибати таъин гардиданаш ба ин вазифаи пурмасъул муборакбод намуд ва меҳмонро бо Кумита, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартатарфсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ шинос кард. 

Баъдан, Раиси КҲФ ба Сарвари САҲА барои кумак ба аҳолии зарардидаи баъзе ноҳияҳо ҳангоми офатҳои табиӣ, ки аввали тобистони соли равон дар кишвари мо ба вуқуъ пайвастанд, изҳори сипос намуд.

Дар ҷараёни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин фаъолияти якҷояи Кумита ва САҲА дар ин самт барарсӣ шуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои омодагӣ ва бозомӯзии кормандони кумита, роҳандозии давраҳои омӯзишӣ ва семинарҳо мавриди суҳбат қарор гирифтанд. 

Дар навбати худ ҷаноби Кивер изҳор дошт, ки САҲА минбаъд низ Кумитаро дастгирӣ мекунад ва ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаро таҳким мебахшад. 

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои зиёди барои ҷонибҳо манфиатовар табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: