Наваскарони Кумита савганди садоқат ёд карданд

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон баргузор шуд, ки дар онҳо роҳбарони Кумита ширкат намуданд.

Намояндагони вазорати мудофиа, маъмурияти ноҳияҳое, ки қисмҳои ҳарбӣ  ҷойгиранд, собиқадорон, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷумлаи меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо буданд. Ҳамчунин падару модарон, хешовандон ва дӯстони иддае аз наваскарон низ дар маросимҳо ширкат ва бо шароити хизмати фарзандонашон аз наздик ошно шуданд. 

Роҳбарони КҲФ зимни суханрониҳои худ насли нави сарбозонро муборакбод карданд ва дар хизмат барои саодати кишвари азиз, ҳифзи тамомияти арзиву таъмини амнияти шаҳрвандони он барояшон комёбиву муваффақиятҳо хостанд. 

«Шумо савганд ёд намуда, дар назди худ вазифа гузоштед, ки кори ҳарбиро ба таври бояду шояд омӯзед, Низомномаи онро иҷро кунед, ба фармонҳо итоат намоед, омӯзед ва аз ҳар нигоҳ рушд кунед.  Роҳбарияти Кумита  аз ҷониби худ ҳама шароитҳоро барои хизмати шоиста бароятон муҳайё хоҳад кард”,- гуфта шуд дар муроҷиатномаҳо.

Волидони наваскарон бо шароити хизмативу маишии сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ шинос шуданд, ҳамчунин биноҳои хизмативу маъмурӣ, аз хобгоҳҳои сарбозон ва ошхонаҳо дидан намуданд.

Дониш, фарҳанг ва рафтори наваскарон шаҳодат аз он медиҳад, ки онҳо бо масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ, қарзи шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба Ватан омодаанд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хизмат кунанд. 

барчасп: