Имрӯз, 7 – уми июн дар Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи фаврӣ бо ширкати роҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар баргузор гардид.
Ҳадафи ин ҷамъомад баррасии вазъи расонидани кумакҳо ба аҳолии бар асари омадани сел зарардидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буд.
Сарвари Кумита ба ҳозирон маълумот дар бораи ҳолати бамаломада бар асари резиши боронҳои шадид ва селҳои азим дар нуқоти гуногуни мамлакатро пешниҳод намуданд. Қайд карда шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар диданд, комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда кор мекунанд ва вазифаи онҳо дақиқан муайян намудани ҳаҷми хисороти расида ба аҳолӣ, хоҷагиҳо, роҳҳо ва ғайра мебошад.
Дар навоҳии мухталиф корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо ширкати хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои низомии Кумита, Вазорати мудофиа ва мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо идома дорад.
Раиси Кумита махсус қайд намуданд, ки дастгирии аҳолии ниёзманд дар ин ҳолатҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар нафар аст.
Аз рӯйи ҷамъбасти мулоқот қарор шуд, ки ба зарардидагон кумакҳои аввалия ва зарурӣ, аз ҷумла бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳо барои об, маводи сӯхт ҷиҳати роҳандозии корҳои поксозии мавзеъҳо аз лойоба ва маводи ғизоӣ расонида шавад.