Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои номусоид то 7-уми июн боқӣ мемонад. Боришҳои пуршиддати имрӯз ва рӯзи оянда метавонанд сабаби рӯйдодҳои нохӯш шаванд. Омадани сели азим бар асари ин боришот, лағзиши тарма, резиши санг эҳтимол дорад. Гармии ҳаво метавонад сабабгори нармиши теппаҳо ва лағзиши хок шавад, барфи обшуда сатҳи оби рӯдхонаҳоро боло мебарад. Ва ҳамаи ин хатаре дорад, ки сокинон бояд эҳтиёт кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошанд.
Рафтан ба манотиқи кӯҳӣ ҷиҳати тайёр кардани ҳезум, ғунучини гиёҳҳову рустаниҳои фоидаовар, чорвочаронӣ маслиҳат нест. Ҳамчунин хуб мешуд агар аз сафарҳои безарурат аз роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Дар ин рӯзҳо ҳамчунин рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо низ маслиҳат нест. Истироҳати худро хуб мешуд агар то ба рӯзҳои дигари офтобиву бебориш мавқуф мегузоштед.
Аз падару модарон хоҳиш мекунем, ки дар ин рӯзҳо кӯдакони худро беназорат нагузоранд. Раъду барқ, боронҳои пуршиддат ва хавфи ногаҳон омадани сел таҳдид мекунад. Дар ин гуна ҳолатҳо кӯдакон бояд ҳатман зери назорати волидон бошанд.
Кумита ёдрас мекунад, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба навбатдории фаврии КҲФ бо телефонҳои
93 880 28 19;
221-91-19;
223-13-11. муроҷиат намоянд.