Офоти табиӣ дар кишвар: Вазъ то субҳи рӯзи шашуми июн

Селҳои харобиовар дар гӯшаву канори кишвар. Як куштаву як бенишон рафта дар сели ноҳияи Панҷекат. Харобиҳои азим дар Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиёнро ҷиҳати ташкили корҳои наҷот ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба макони селзадаи ноҳияи Рӯдакӣ эъзом кард. Кумита ҳушдор медиҳад: боронҳо шадиду бодҳои сахт ҳамоно таҳдидҳои ҷиддӣ доранд. Сокинон бояд беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёт кунанд!

Сели Боришоти шадиди чанд рӯзи охир дар манотиқи гуногуни кишвар сабаби омадани селҳои харобиовар шуданд. 

Чунончӣ, 4-уми июни соли равон дар деҳаи Рӯзи Обноки ҷамоати Ёрии наздикии шаҳри Панҷекати вилояти Суғд сел як хонаи истиқоматиро вайрон кард. Мутаассифона, дар ин офати табиӣ ду сокини шаҳри Душанбе, ки меҳмони ин хонадон буданд, ба ҳалокат расиданд. Ҷасади яке аз онҳо сари вақт пайдо шуда ва ҷустуҷӯи марди 55-солае, ки бидуни нишон ғайб задааст, идома дорад. Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷекат ва наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшон фаъолият доранд. 

5 – уми июни соли 2019 боришоти шадид сабаби омадани сел аз ҷониби деҳшӯрои Лоҳур ба деҳаи Оби Шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳия Рӯдакӣ шуд. Бар асари он 80 қитъаи наздиҳавлигии сокинон ва таҳхонаи хонаҳои истиқоматӣ зери об монданд. Ғайр аз ин офати табиӣ ба заминҳои кишт ва роҳи мошингард зарар овард. Ин офат хушбахтона талафоти ҷонӣ надошт. 

Барои ташкили кор ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ ҷонишини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Рустам Шоҳиён ба минтақа эъзом шудааст.  

 Бо мақсади наҷоти ҳаёти одамон ва коҳиши хатари офатҳо   Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рӯдакӣ қарор кардаст, ки сокинони ин минтақа муваққатан ба макони амн интиқол дода шаванд. 

 Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ техника, наҷотдиҳандагон, сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии КҲФ дар минтақа ҷалб шудаанд.

барчасп: