Боронҳои пуршиддати ду рӯзи охир зиндагиро дар баъзе манотиқи кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ карданд, ҳаракат дар роҳҳо мошингард гоҳе хатарнок шуд, будану мондан дар даштҳо барои чаронидани чорво хатари зиёд овард, кишоварзон ба идомаи корҳо саҳро имконият наёфтанд. Дар баъзе минтақаҳо сел омад, хонаҳоро, заминҳои киштро хароб кард. Ба амнияти мардум таҳдид шуд. Хушбахтона, ин ҳама бе талафоти ҷонӣ пушти сар шуд. Аммо ҳаво ҳамоно пурбориш аст, хавфи омадани селҳои даҳшатнок ҳоло ҳам рафъ нашудаанд. Ҳавошиносон ҳаддиақал то 7-уми июнро рӯзҳои сербориш эълон кардаанд. Пас эҳтиёт бояд кард!
Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, дар қаламрави кишвар боришоти шадид ҳаворо номусоид мекунанд, муддате хавфи омадани селу резиши сангу тарма таҳдид мекунад.
Дар қаламрави деҳаи Гулистони ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ, деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалаба, деҳаи Истиқлоли ҷамоати Зафар ва деҳаи Куҳдомани ҷамоати Ватани ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сел ба заминҳои кишт, роҳҳои мошингард ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.
Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд боронҳои пуршиддати сабаби омадани сел шуданд, ки ба 11 хонаи истиқоматии сокинон зарар расонд.
Ҳоло дар маҳалҳои офатзада комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳо фаъолият мекунад ва барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои андешида мешаванд. Техникаи махсус барои тоза кардани маҳалҳои селзада ҷалб шудааст. Сел хушбахтона талафоти ҷонӣ надошт.
Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар то 7-уми июни соли 2019 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид боқӣ мемонад, боронҳои пуршиддат идома мекунанд. Вобаста ба боришҳои пайдарпай ва гармтар шудани ҳаво барфҳо дар кӯҳҳо об мешаванд ва ин метавонад боиси ба харакат даромадани хоки теппаҳо, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, махзанҳои об ва берун шудани об аз соҳилҳои маъмулӣ гардад.
Боришҳои пуршиддат дар кӯҳҳо сабаби омадани тарма, сел ва резиши санг шуда метавонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳо ба минтақаҳои селхез, тармазо ва сангрез худдорӣ намоянд, муддате то беҳ шудани обу ҳаво ба ғунучини рустаниҳои дорувор, чидани занбурӯғ нараванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода шумо метавонед ба қисми навбатдории КҲФ то телефонҳои
93 880 28 19,
221-91-19,
223-13-11 муроҷиат намоед.