Дар доираи ҷашни Рӯзи байналхалқии кӯдакон ва 25-умин солгарди таъсисёбии КҲФ ва МГ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳукумати шаҳри Душанбе, бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакон (Unicef), Барномаи рушди СММ (БРСММ), Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо иштироки корманди радиои “Азия Плюс”- Беҳрӯз Насриддинов озмуни расми беҳтарин гузаронида шуд.
Бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикот дар назди иштирокчиёни озмун Раиси Кумита генерал-лейтенант Назарзода Р. ва Директори Хазинаи Хазинаи кӯдакон (Unicef) ҷаноби Лучиано Каллестинӣ баромад намуданд.
Дар озмуни мазкур, ки дар боғи ба номи Алишери Навоӣ ташкил карда шуд, зиёда аз 100 кӯдакон ва наврасон аз 5 то 17 сола иштирок карданд.
Дар корҳои худ кӯдакон ҳаёти ҳаррӯзаи наҷотдиҳандагонро, дар бораи ҳолатҳои сӯхтор ва фавқулода, дониши малакаи рафтори дурустро ҳангоми рух додани онҳо инъикос намуданд.
Ғайр аз ин, кӯдакон дар барномаи намоишӣ бо иштироки студияи рақсии "New Era" –и назди Федератсияи миллии рақсҳои варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази истироҳатӣ-фароғатии кӯдакона "Аладдин" иштирок намуданд.
Ҳакамон бо ҳайати намояндагон аз Иттифоқи рассомон ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳангоми баҳодии нигоштаҳо қайд карданд, ки ҳамаи расмҳои кашидашуда ба таври худ аҳамияти хосса доранд, зеро дар онҳо аз олами худ истифода бурда, ба мо инъикос намуданд.
Ҳадафи асосии чунин чорабинӣ ин баланд бардоштани маърифатнокӣ миёни кӯдакон ва наврасон оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва бурдани корҳои пешгирикунанда мебошад.
Дар фарҷоми озмун ба ғолибон туҳфа, дипломҳои фахрии Кумита ва ба тамоми иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.