Наваскарон дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда савганд ёд карданд

Дар қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар вилояти Суғд маросими қабули савганди ҳарбии наваскарон баргузор гардид. Маросим бо роҳбарии Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина доир гардид.

Чорабинӣ бо суруди миллӣ оғоз шуд. Сипас тибқи барнома наваскарон яке паси ҳам савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Сипас Сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд суханронӣ намуда, наваскаронро барои савганди садоқат ба Ватан муборакбод намуд. Вай гуфт, ки ин лаҳза бояд дар хотири ҳар кадоми шумо нақш бандад. Вай дар ҳузури сарбозон, меҳмонон ва волидони онҳо табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуд.

Дар идома суханони худ дар бораи Артиши миллӣ ва саҳми бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули Артиши миллӣ ва сохторҳои қудратии кишвар ибрози назар намуд.

Баъдан ҷанговари интернатсионалист, корманди академияи таҳсилотии Тоҷикистон подполковник Амонӣ Салоҳиддин  сарбозону афсаронро бо рўзи фаромўшнашаванда табрику муборакбод намуда, барои хизмати содиқонавву софдилона ба Ватан модар ба ҳар як афсарону сарбозон барору комёбиҳо таманно намуд. Аз тарафи Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалист барои хизматҳои софдилона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалу ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар охири чорабинӣ меҳмонон, волидайни сарбозон аз шароити зисту зиндагонии сарбозон шинос карда шуданд. 

Шаҳзода Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеъа
лейтенант

барчасп: