Ҳалокати 10 варзишкори навраси «Фламенго» дар Рио-де Жанейро

Дар Рио-де-Жанейро маркази варзиши «Нино де Урубу», ки дар он  дастаи футболи «Фламенго» - яке аз калонтарин клубҳои футболи Бразилия тамрин мекард, оташ гирифт ва бар асари он 10 варзишкори ҷавон ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ ҳамаи даҳ ҳалокшуда узви тими  ҷавонони ин дастаи машҳури футбол будаанд. Гуфта мешавад, ки сӯхтор дар хобгоҳе сар зад, ки ин афрод дар он мезистанд. Дар айни замон иллати сӯхтор ошкор нашудааст. 

«Фламенго» дар Бразилия як дастаи хеле маъруфи футбол ба ҳисоб меравад, ки шумори мухлисонаш бештар аз 44 миллион нафар рақам зада мешавад. Ин тими футбол борҳо қаҳрамони бозиҳои дохилӣ шудааст ва чанд бори дигар дар бозиҳои минтақавӣ низ баранда будааст. Машҳуртарин бозигарони тим  Роналдино, Бебето ва Ромарио мебошанд.

Клуби варзишии  «Фламенго» ғайр аз футбол боз тимҳои варзишии баскетбол, шиноварӣ ва волейбол низ дорад.  

Бунгоҳи хабарии G1 хабар додааст, ки ин сӯхтор соати  05.10 субҳ шуруъ гардид ва соати  7.30 алангаи он хомӯш карда шуд. То кунун шахсияти ҳалокшудагон шиносӣ нашудаанд. Вале маълум аст, ки дар ин хобгоҳ асосан варзишкорони аз 14 то 17-сола мезистанд. 

Гуфтанист, ки маркази «Нино де Урубу» моҳе қабл баъди таъмири куллӣ ифтитоҳ шуда буд.

барчасп: