СОЛИ 2018 — СОЛИ ШИКАСТУ ШАРМАНДАГИҲОИ НАВИ ТТЭ ҲНИ БУД. Чунин мешуморад ходими пешбари илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки охири ҳар сол ҳама кору фаъолиятҳо ҷамъбаст карда мешаванд, аз бохту пирӯзиҳо хулосабарорӣ мешавад. Бо дарназардошти натиҷаҳо раванди минбаъдаи фаъолият барои дурнамои наздику дур тарҳрезӣ ва самтгирӣ мегардад. Вобаста ба фаъолияти сиёсию идеологии гурӯҳҳои ба ном «мухолиф», нуфуз, ҷойгоҳ ва дараҷаи таъсири онҳо дар ҷомеаи имрӯза мусоҳибае доштем бо ходими пешбари илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Назрӣ Асадзода, ки мухтасари онро пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем.

- Сараввал мехостам ба истилоҳи «мухолиф» ин ҷо равшанӣ андозем. Мухолиф  танҳо маънии муқобил будан, интиқод карданро надорад. Мухолиф он қувваҳои солими ҷомеаро меноманд, ки дар рушди риштаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа ширкат меварзанд. Нуқсон ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар лоиҳа ва барномаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ошкор карда, тарҳи худро дар роҳи бартараф кардани онҳо пешниҳод менамоянд.

- Пас ба андешаи Шумо, кадом гурӯҳро метавон мухолиф ном бурд?

- Чанд гурӯҳакеро, ки худро дар кишварҳои аврупоӣ чунин неру намоиш доданӣ мешаванд, ҳеҷ гоҳ наметавон мухолиф ном бурд, зеро онҳо ҳамон аъзои фирории Ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, кӯшиши анҷом додани  табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 бо ҳукми Суди Олии ҶТ фаъолияташ манъ карда шуд. Акнун ба гурӯҳчаҳо тақсим шуда, талош мекунанд, ки худро ҳамчун қувваи мухолиф нишон диҳанд ва ба ин васила, гранту кумакпулиҳо барои рӯзгузаронии худ дарёфт намоянд. Мехоҳанд ҳамон ҲНИ-ро  дар шаклу ҷомаи дигар рӯи саҳна оранд,  аммо фиребашон кор наомада истодааст ва пайваста ба шикасту шармандагӣ мувоҷеҳ мегарданд.

- Оё мешавад ин нуктаро каме амиқтар шарҳ диҳед?

- Бубинед, онҳо ва пуштибонони идеологиашон дарк карданд, ки бо номи пешини ташкилоти террористиашон дигар наметавонанд маблағ ба даст оварданду дар тиҷоратҳои хонаводагӣ, иқдомҳои зиддимиллиашон истифода баранд. Гузашта аз ин, ҳамчун лоиҳа ва фарзанди ӯгайи кишвари маълум буданашон, наметавонист барои наҳзатиҳо дар ҷомеаи аврупоӣ  хизмат кунад. Ин буд, ки онҳо бо маслиҳату «фотиҳа»-и роҳбарони маънавиашон дар марҳилаи аввал  гурӯҳчаҳоеро чун «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ҷунбиши муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар иттиҳоди Аврупо», ки ҳар кадоме аз 5-6 нафар аъзо бештар надорад, созмон доданд. Сипас даври ҳам омада, «паймон»-е ташкил карданд, ки хеле зуд аз ҷониби ақлҳои солим унвони «Паймони зиддимиллии Точикистон»-ро касб кард. Бо ҳамин роҳ,  онҳо худро аз ярлики «наҳзат» раҳо карданд ва мехостанд ҷиноятҳои алайҳи миллат содиркардаи худ ва ҳаммаслаконашонро пинҳон намоянд, аммо тирашон хок хӯрд. Ин шикасти аввалинашон дар соли сипаришуда буд. Минбаъд, ҳар як иқдоме, ки пеш гирифтанд, натиҷааш танҳо мағлубият буд. Ба ибораи дигар, онҳо ки дар Тоҷикистон то сарҳади қатлу ғорат ба сӯйи тарафдорони ҷабҳаи дунявиҳо ҳамла мекарданд, бисёр ҷон канданд, ки дар назари аврупоиҳо  худро «дунявӣ» ва секулор намоиш диҳанд, аммо хаёлашон хом баромад.

- Ин шикастҳоро метавон ба таври мушаххас тавзеҳ дод?

- Албатта, ин ҷо дар ростои дарки масъала мушкил вуҷуд надорад. Роҳбари ташкилоти террористии ҲНИ М. Кабирӣ гумон дошт, ки бо ивази ҷелак бо галстук дар Аврупо, имкони фаъолияти озоди ташкилоти террористиашро пайдо мекунад, дигар афроди дар ниҳодашон хислати мухолиф доштаро ба худ мепайвандад. Вале аз як сӯ худхоҳии ӯ, аз тарафи дигар макру ҳилаҳое, ки саркардагони ин ҳизб дар солҳои 90-уми асри гузашта дар баробари созмону ҳаракатҳои дигар анҷом дода буданд, нагузоштанд, ки чунин фиреб бори дигар ҷомаи амал пӯшад. Онҳо мехостанд, ки ду-се гурӯҳаки худсохташонро бо ҳам пайваста, дигар шаҳрвандони тоҷики дар хориҷи ҷумҳурӣ қарордоштаро, аз ҷумла намояндагони доираҳои рӯзноманигорӣ ва зиёиро ба худ моил созанд. Аммо касе ба домашон наафтод. Баръакс, намояндагони гурӯҳи зикргардида, аз ҷумла рӯзноманигорони шинохта Додоҷони Атовулло, Саломуддин Мирзораҳматов, файласуфи муқими Аврупо Ҳафиз Бобоёров ва дигарон на танҳо даъвати террористони наҳзатиро напазируфтанд, балки нотарсона тамоми нақшаҳои ҷинояткорона ва зиддимиллии онҳоро фош карданд. «Паймон»-и онҳо аз рӯзи тавлидаш бо марг рӯ ба рӯ шуд. Ва то ҷое худи роҳбари террористон ҳам, дар ошкор кардани симои аслии наҳзатиҳо саҳм гузошт. Пайраву идомадиҳандаи ҳаракати босмачигарӣ будани ташкилотро ошкор кард, ки аслан душмани миллату арзишҳои миллӣ, илму маориф, донишу пешрафт буданашонро собит месозад.

Шикасти асосии онҳо дар рӯзҳои баргузории конференсияи САҲА «Оид ба ченаки инсонӣ» (сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава) ба вуқӯъ пайваст. Наҳзатиҳо мехостанд худро ҳамчун неруи сиёсии ҷонибдори демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, барои диди сиёсиашон дучори таъқибгашта ва ғайра нишон диҳанд. Аммо иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар кори конференсия ва хусусан ширкати яке аз асосгузорони Ҳизби наҳзати исломӣ Айёмиддин Сатторов тамоми нақшаҳои онҳоро барбод дод. А. Сатторов ва дигар намояндагони Тоҷикистон ба таври ошкоро ва далелҳои муътамад ҷиноятҳои содирнамудаи роҳбарону пайравони ҲНИ-ро дар солҳои қабл ва  давраи ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин баъди он баён дошт. Албатта, дар ин бора матлабу маводҳои зиёде навишта ва паҳн гардида буданд, аммо аз ин минбар бори аввал шахсони воқеӣ баромад намуданд, ки назари ташкилкунандагон ва иштирокчиёни конференсияро ба қувваҳои ба ном мухолиф ҷиддан тағйир дод. Барои аксари эшон  бори нахуст чеҳраи ҳақиқии наҳзатиҳо, нақшаю мақсадҳо, муносибаташон бо пайравони дигар дину мазҳабҳо намудор шуд.

- Кадом далелҳои тоза дар ин ҷо садо доданд, ки ба муътақидсозии иштирокчиён ва умуман ҷаҳони ғарбӣ ба ҳақиқати  террористӣ будани ҲНИ  мусоидат намоянд?

- Айёмиддин Сатторов, ки худ дар саргаҳи таъсисёбии ҲНИ қарор дошт, рӯирост алоқамандии ин ҳизбро аз пайдоишаш бо хадамоти махсуси ҶИЭ эълом дошт. Тавре зикр намудам, қаблан дар ин бора зиёд гуфтаву навишта шуда буд, аммо А. Сатторов на танҳо дар бораи пуштибониҳои қаблии кишвари маълуми минтақа аз ТТЭ ҲНИ, балки дар бораи марҳилаи нави ҳамкориҳои ин ташкилоти террористӣ бо хадамоти он кишвар, яъне баъди террористӣ эълон шудани ҳизб ва манъ гардидани фаъолияти он далелҳои раднопазирро баён дошт. Дар бораи он ки роҳбарони наҳзат ва фаъолони он шурӯъ аз соли 2016 садҳо ҷавонони тоҷикро фирефта ба ҶИЭ бурдаанд ва онҳоро ба омӯзиши давраи таълимотии низомӣ дар лагерҳои махсуси Бумаҳен, Ароқ, Пардис ва Мозандарон фаро гирифтаанд. Ӯ ошкор кард, ки худаш дар ин лагерҳо масъули тарбияи идеологии ин гурӯҳҳо буд. Азбаски ҳамчун иштирокчии бевосита афроди мушаххасро аз ТТЭ ҲНИ,  хадамоти зикршуда ва ҷангиёни гурӯҳ номбар кард, роҳбарони ин ташкилоти террористӣ, сарпарастони хориҷии онҳо ҳатто натавонистанд кӯшише баҳри инкор кардани ин ҳақиқат анҷом диҳанд ва хомӯш монданд. Ғайр аз ин, чуноне, ки дар филмҳои мустанади телевизионии «Бозгашт аз ҷаҳаннам», «Асолатбохта», «Зархаридон» ва дигар матлабҳои матбуоти даврӣ дидему хондем, баъди боздошт шудан, теъдоди муайяни онҳое, ки дар ин таълимгоҳҳо давоми солҳои 2015 – 2018 омодагии ҷангиро гирифта, барои амалӣ намудани актҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон сафарбар шуда буданд, аз қабили Қаландаров М.М., Саидалиев С.Р., Сайдалов А.Д., Имматов М.А, Назрибеков П.Т. ва дигарон ҳама далелҳои зикршударо таъйид карданд.

Идомаи ин шикастҳои ҲНИ боздошт, мурофиа ва ҳукми судии яке аз муассисони ин ташкилоти террористӣ — Саид Қиёмиддини Ғозӣ буд. Тавре дар филми мустанади «Решаҳои ноаён» дидем ва тавзеҳоти зиёде дар расонаҳо нашр гардид, мавсуф номҳои мушаххасеро ба монанди  Тахмосб  Ҳотамӣ, Муҳаммади Исфаҳонӣ, Вафо Саҷҷод ба забон овард, ки бо ӯ ҳамкорӣ доштаанд ва мувофиқи супориши онҳо ба муқобили Тоҷикистон фаъолияти тахрибӣ пеш мебурдааст. Чунончӣ, солҳои 1993 — 1997 дар байни гурезагони тоҷик дар Афғонистон идеяҳои ифротӣ ва андешаҳои мухолифи давлати Тоҷикистонро паҳн мекардааст, гурезагонро ташвиқ мекардааст, ки ба Ватан барнагарданд. Солҳои тӯлонӣ ба паҳн кардани ғояҳо ва таълимоти мазҳаби шиа дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон машғул буд, ақидаҳои ифротӣ ва зиддитоҷикии ТТЭ ҲНИ-ро дар байни муҳоҷирони тоҷик паҳн мекард. Ӯ теъдоди муайяни шаҳрванди ҷумҳуриро аз ҳисоби роҳбарону аъзои ТТЭ ҲНИ ном бурд, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ,  аз ҷумла Рашт, Хуросон, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳисор, Рӯдакӣ, Файзобод ва ғайра таҳти роҳбарию роҳнамоии кишвари бегона алайҳи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекарданд.   Ҳангоми боздошти С.Ғозӣ, ки аз ҶИЭ баргашта буд, аз ӯ 100 ҳазор доллари ИМА мусодира шуд, ки тибқи гуфтааш, ҷиҳати анҷом додани амалҳои тахрибӣ дар Тоҷикистон барояш дода буданд.

- Устоди гиромӣ, оё аз тамоми ин шармандагиҳо роҳбарони фирории наҳзати террористӣ барои худ хулосае бароварданд? Онҳо ба нақшаҳои зиддимиллии худ хотима мебахшанд? Андешаи Шумо дар ин замина чист?

- Тавре омӯзиши раванди фаъолияти зиддимиллии ТТЭ ҲНИ нишон медиҳад, баъди оне, ки талошҳои ин ҳизби террористӣ барои расидан ба ҳокимият тавассути роҳҳои маъмулии қонунӣ муяссар намегардад, онҳо ҳатман даст ба зӯроварию хушунат, аз эътидол баровардани авзоъ мегарданд. Бигирем, солҳои 90-уми асри гузаштаро. Онҳо бо истифода аз хараҷу мараҷи дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бавуҷудомада, заифию бетаҷрибагии давлати тозазуҳури тоҷик, ки истиқлолият баногоҳ барояш ҳадя шуд, мехостанд зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифта сохти исломиро дар кишвар барқарор созанд, аммо сокинони ҷумҳурӣ онҳоро дастгирӣ накарданд. Дар интихобот мағлуб гаштанду даст ба силоҳ заданд, ки натиҷааш ҷанги шаҳрвандӣ буду куштори 150 ҳазор тоҷик ва миллионҳо доллар зарари иқтисодӣ. Дафъаи дуюм, боз ҳам баъди мағлубият дар интихоботи парламентӣ, дар моҳи сентябри соли 2015 даст ба табаддулоти мусаллаҳона зада, муҷиби куштори даҳҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ гаштанд. Ва ахиран, чун бо ҳама ҷаҳду ҷадал, ки дар Аврупо доштанд, бо ҳама маблағгузории пуштибони маънавиашон ва дастгирию ҳаводории баъзе ташкилотҳои ба ном демократӣ ва ҳомии ҳуқуқи башар, ки мехостанд онҳоро гурӯҳи ҷабрдида ва мавриди таъқиб қароргирифта муаррифӣ созанд, аз ҷониби мақомоти расмии ин давлатҳо эътироф нашуданд. Чун ба ин васила муроди роҳбарони ин ташкилоти террористӣ ҳосил нашуд, боз даст ҷониби силоҳу хунрезӣ бурданд. Ин дафъа сайёҳони хориҷӣ қурбонии онҳо гаштанд. Амали ғайриинсонии худро таҳти пӯшиши парчами сиёҳи ҳамақидагонашон аз ТТЭ «Давлати исломӣ» иҷро намуда, мехостанд , ҳайсияти худро ба ТТЭ ҲНИ пинҳон доранд. Вале тирашон хок хӯрд. Саркардаи террористон Абдусамадов Ҳусейн боздошт шуд ва тамоми асрори роҳбарони наҳзатиашро фош кард. Расонаҳои маъруфе чун «Настояшее время», «Озодӣ», «Садои Амрико» ва ғайра бори аввал ба таври ошкоро оид ба даст доштани ТТЭ ҲНИ дар қатли чор сайёҳи хориҷӣ хабар доданд. Агар иртиботи роҳбарону аъзоёни ҲНИ дар содир кардани ҷинояту хиёнатҳои сангини солҳои пеш маълум буд, акнун нақши онҳо  дар амали мудҳиши террористие, ки дар соли 2018 сурат гирифт, ифшо шуд.

Ба андешаи банда, террористони наҳзатӣ аз фаъолияти зиддимиллии худ даст кашиданӣ нестанд. Дақиқтараш онҳоро намегузоранд. Зеро зиёд гирифтаанду хӯрдаанд. Қарзҳояшонро бояд тавассути амалҳои хиёнаткорона бар зидди миллати тоҷик ҷуброн кунанд.

- Аммо барои ин кирдорҳои зиддибашарӣ ва зиддимиллии худ онҳо ҷавоб хоҳанд гуфт?

- Дар шароити имрӯза новобаста аз он ки ҲНИ ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф шудааст, дар баъзе чорабиниҳои ташкилотҳои байналмилалӣ роҳ ёфта, ин минбарҳоро барои таҳриф сохтани воқеияти алоқамандии худ бо терроризму экстремизм, паҳн кардани маълумоти бофта ва иғвоангез нисбат ба Тоҷикистон ва таблиғи идеологияи ифротӣ истифода мебарад.  Вале тавре зикр намудам, ин ташкилот  дар сатҳи ягон мақоми расмии давлатӣ шинохта нашудааст.  Барои ҷиноятҳои вазнини содиркардаашон роҳбарону  аъзои фаъоли фирории ТТЭ ҲНИ дар ҷустуҷӯи байналмилалии Интерпол қарор доранд. ҲНИ ба рӯйхати созмонҳое, ки аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, Маркази зиддитеррористии ИДМ ҳамчун созмони террористӣ-экстремистӣ ворид карда шудааст. Аз ин рӯ, бо мурури вақт, ҷавобгӯии роҳбарону фаъолони ин ташкилоти террористӣ дар назди қонун ногузир аст.

Ҳамин тариқ, соли 2018-ро метавон ҳамчун соли шармандашавӣ, номуваффақӣ ва шикасти ҲНИ дар миқёси байналмилалӣ донист, ки чанд мисолашро дар боло зикр кардем. Ин лағзишҳои назарӣ ва амалии наҳзатиҳои фирорӣ дар иқдомҳои хому сода  ифода ёфтаанд ва худи шоҳидони воқеӣ — иштирокчиёни ҳодисаҳо борҳо дар соли 2018 ба хиёнатҳои муллотеррористони наҳзатӣ дар назди миллат ишораҳои ошкоро доштанд.  Ба ростӣ, ба кирдору рафтори ин асолатбохтагон менигариву масали мардумӣ бори дигар муътақидат месозад, ки  «Кӯзапуштро танҳо гӯр рост мекунад» .

- Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.

Мусоҳиб: Назири Нусрат
манбаъ:centrasia.ru

Бозчоп: аз АМИТ «Ховар» аз 6 январи соли 2019

барчасп: