30 ноябри соли 2018 мулоқоти кории Кумитаи Ҳамоҳангсоз дар доираи тарҳҳои идораи хатари офатҳои табиӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳо аз Ҳукумати Ҷопон, Дафтари Швейсария оид ба ҳамкорӣ, Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷопон барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор-Лякин Фролов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хаҷиме Китоака, Сарвари Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо хонум Валбурге Росс, ҳамчунин шахсони масъули Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар ин нишаст ҳисоботҳо оид ба корҳои анҷомшуда дар доираи тарҳҳои амалишаванда аз ҷониби кормандони масъули Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон шунидаву рӯнамоӣ шуданд.
Ба иштирокдорон дар бораи лоиҳаи нав оид ба устуворӣ ба хатарҳои иқлимӣ, ки Ҳукумати Федератсияи Русия сармоягузорӣ мекунад, пешниҳод гардид. Ҳамчунин дар нишаст дар доираи татбиқи лоиҳаҳо нақшаи кории солона барои соли 2019 барарсӣ шуд.