Савганди садоқат ба номи Ватан: наваскарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда савганд ёд мекунанд

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ шуруъ гардид.  Чунончӣ, дар ду қисми ҳарбии КҲФ, ки дар ҷануб ва шимоли кишвар ҷойгир шудаанд, наваскарон савганди садоқат ёд карданд.

Дар ин лаҳзаҳои барои сарбозони ҷавон муҳим роҳбарони Раёсатҳои Кумита дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, волидон, пайвандон, дӯстон, ҳамчунин меҳмонони фахрӣ ҳузур ёфтанд. 

Баъди фармони омода кардани ҳайати шахсӣ ба савганди ҳарбӣ дар вазъи тантанавӣ наваскарон якояк қасами садоқат ба Ватан ёд карданд. 

Волидоне, ки дар назди наваскарон суханронӣ карданд, ба онҳо дар ин роҳи мушкил, вале адои қарзи Ватану вазифаи муқаддас комёбиҳо орзу намуданд. Онҳо ҳамчунин ба роҳбари мамлакати азиз барои фароҳам овардани шароити хуби хизмат изҳори миннтадорӣ карданд. 

Дар доираи чорабиниҳои ин рӯзи фаромӯшношуданӣ воҳидҳои наҷот ва вокуниши сареъи раёсатҳо дар назди меҳмонон ва волидони наваскарон бо истифода аз техникаи махсуси Кумита машқҳои наҷот нишон доданд. 

Дар оғоз ва анҷоми маросими савганд Суруди миллӣ садо дод ва дар зери навои оркестри ҳарбӣ сафороии ҳарбии сарбозону афсарон баргузор шуд. Баъди ин сарбозон ба зиёфати идона даъват шуданд.

Дар анҷоми маросим волидони наваскарон бо шароитҳои хизмат, ҳолати хобгоҳҳо, варзишгоҳҳову тамрингоҳҳо шинос шуданд, бо афсарон ҳамсуҳбат гаштанд ва ба суолҳои худ посух гирифтанд.

барчасп: