Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мешавад. Ба ҳамин муносибат имрӯз, 23 ноябр дар толори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба ин рӯз доир гардид.

Дар ин ҷаласа роҳбарон ва ҳайати шахсии КҲФ, ҳамчунин меҳмон Рустам Қудратов-доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ҳузур доштанд. 

Полковник Ҷамшед Маҳмадзода - муовини Раиси Кумита дар ҷаласа суханронӣ кард ва ҳозиринро ба ин рӯз муборакбод намуд. Вай дар бораи Парчами миллӣ, муқаддас будани он, ҳисси ифтихору шараф аз парчамдорӣ ва нақши ин ифтихорот дар болоравии худшиносии миллат ва мардум нақл кард. 

Ҳамчунин, афсарони ҷавон дар суханрониҳои худ дар бораи мафҳуми ин рӯз ҳарф заданд.

Рустам Қудратов зимни суханронии худ қайд намуд, ки “Парчами кишвари соҳибистиқлоли мо, ки таърих, фарҳанг, анъанаҳои қадимӣ, давлатдории миллии моро ифода мекнуад, шаҳрвандонро ба ояндаи дурахшон умедвор месозад ва онҳоро барои бунёди ояндаи дурахшон рӯҳбаланд месозад”. 

Баъдан бо фармони Раиси КҲФ чанд тан аз кормандон  бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ мукофотонида шуданд. 

Маврид ба ёдоварист, ки Парчами миллии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлоссияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. 24-уми ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон шуд.

барчасп: