А 21 то 23 ноябри соли 2018 дар пойтахти Италия шаҳри Рум Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мегузарад, ки дар он роҳбарон ва намояндагони идораҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании 55 кишвари Аврупо, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ҳамчунин як қатор сармоягузорони калидӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.
Форуми аврупоӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо идомаи кори Платформаи Ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо мебошад, ки соли 2017 дар Мексика баргузор шуда буд.
Ин Конфронсро бо суханони муқаддимавӣ Раиси Шӯрои Вазирони Италия ҷаноби Ҷузеппе Конти ифтитоҳ кард. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин конфронс Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода намояндагӣ мекунад.
23 ноябри соли 2018 Сарвари идораи наҷоти кишвар иҷлоссияи субҳгоҳии коҳиши хатари офатҳоро роҳбарӣ мекунад ва ҳамчунин маърӯза хоҳад кард.
Дар ҳошияи форум Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ҳамкасбонаш аз дигар кишварҳо дидору мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.