Оғози як давраи омӯзишии дигар барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Имрӯз, 22 ноябр дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиистон давраи омӯзишии серӯза дар мавзӯи «Омӯзиши барномаи GIS-технология» бо иштироки мутахассисони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ва Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумита, ки аз ҷониби  коршиносони Бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон гузаронида мешавад, оғоз гардид.

Қарор аст дар рафти омӯзиш коршиносони Агентии мазкур ба иштирокчиён моҳияти истифодабарии барномаи GIS-технологияро омӯзанд.   

Ҳадафи ин омӯзиш баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони Кумита ва шиносоӣ бо барномаи махсуси ArcGIS мебошад, ки барои харитасозӣ дар мавриди таҳдиди хатарҳо ва ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда истифода бурда мешавад.      

Курсҳои омӯзишӣ дар доираи амалисозии чорабиниҳои Нақшаи муштараки Кумита ва Агентии Оғохон оид ба макони зист барои солҳои 2018-2019 мегузаранд. 

Маврид ба ёдоварист, ки чанд рӯз пештар ҳамин гуна давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Шиносоӣ бо Низоми идорӣ дар ҳолати фавқулода бевосита дар ҷои ҳодиса ICS/EOC (ИМА)» бо иштироки мутахассисони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ва Маркази иттилоотии ҳолати бӯҳронии Кумита баргузор гашта буд. Омӯзиши мазкурро низ коршиносони Бахши Агентии  Оғохон  оид ба макони зист дар Тоҷикистон гузаронида буданд.

барчасп: