Борони Душанбеву Ховалингу Балҷувон, абрҳои бебориши Хатлону Суғд

Ҳамин аст мухтасари ҳавои имрӯзи кишвар. Аз субҳ дар Душанбе борон омад ва ҳамин борон заминҳоро дар ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон ва Восеъу Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз тар кард. Дар манотиқи Ҳисору Рашт низ ҳаво борид. Ҳоло ҳам, ки ин сатрҳоро ин ҷо мекорем, аз идомаи борон дар навоҳии номбурда гузориш мерасад.

Вазъи ҳавои кишвар бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон барои имрӯз, 20 ноябр чунин аст:

Шаҳри Душанбе – борон;

Вилояти Суғд – ҳавои  абрӣ, шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Айнӣ борон;

Вилояти Хатлон – ҳавои  абрии беборон;

ВМКБ – абрӣ, ноҳияи Дарвоз борон;

Минтақаи Кӯлоб - дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Восеъ, Ховалинг, Балҷувон борон;

Минтақаи Ҳисор -  борон;

Минтақаи Рашт -  борон;

Вазъ дар роҳҳо ва ағбаҳо:

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи–Хумб, Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Рашт-Лахш-Ҷумҳурии Қирғизистон, ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод бозанд.

барчасп: