Дар вақти рух додани зилзила ҳайати роҳбарикунанда дар маҳалҳо бояд чӣ кунанд? Чӣ бояд кард то хатари офат коҳиш ёбад? Зарардидагонро чӣ гуна бояд ба маҳалли дигар, ки дуртар аз офат аст, интиқол дод? Ба ин суолҳо ширкаткунандагони як омӯзиш дар вилояти Хатлон посух гирифтанд.
Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита, ки дар қаламрави ин вилоят ҷойгир шудааст, омӯзиши фармондеҳиву ситодӣ таҳти унвони “Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза” гузарониданд.
Ин омӯзиш мутобиқ ба Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ ва пешгириву бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи КҲФ дар соли 2018 амалӣ гардид.
Дар ҷараёни машқҳо масъалаҳои назариявиву амалии ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ гардиданд.
Ғайр аз ин наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъ таҷрибаҳои амалиро ҳангоми роҳандозии корҳои садамавиву наҷоти зарардидагони заминларза машқ карданд. Ҳамчунин хизматчиёни ҳарбӣ техникаи махсус ва таҷҳизотҳои наве, ки ҳангоми корҳои наҷот истифода мешаванд, намоиш доданд.
Барои ҷобаҷо намудани аҳолии зарардида нуқтаи интиқоли муваққатӣ ташкил карда ва фаъолияти он ба роҳ монда шуд.
Ҷамъбасти омӯзишҳо нишон доданд, ки ширкаткунандагон ба ҳадафҳои аслии дар пешгузошташуда расиданд ва оид ба бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда таҷриба ҳосил намуданд.