Мухтасар аз вазъи ҳавои имрӯзи кишвар

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон дар аксар манотиқи кишвар имрӯз ҳаво бебориш аст. Дар баъзе минтақаҳо ҳавои абрӣ, дар баъзе офтобӣ ва дар қисме аз минтақаҳои ВМКБ барф меборад. 

Шаҳри Душанбе – ҳавои  соф;

Вилояти Суғд – ҳавои абрӣ;

Вилояти Хатлон –ҳавои абрӣ;

ВМКБ – барф меборад. Дар ноҳияҳоиШуғнон,  Дарвоз ҳавои абрӣ.

Минтақаи Кӯлоб- абрӣ;

Минтақаи Ҳисор- абрӣ;

Минтақаи Рашт- абрӣ, вале бебориш.

Вазъи роҳҳо ва ағбаҳо:

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи–Хумб, Душанбе-Хоруғ, Душанбе – Рашт – Лахш - Ҷумҳурии Қирғизистон, ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод бозанд.  Роҳи сафед ба касоне, ки дар сафаранд!

Аммо ҳамеша эҳтиёткор бошед, дар роҳҳои кӯҳӣ фосиларо риоя кунед, суръатро боло набаред!

Агар ниёзе ба кумак доред, пас лутфан қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефони 93 880 28 19 занг занед!

барчасп: