16 ноябри соли 2018 дар Дастгоҳи марказӣ ва ҳамаи воҳидҳои вилоятиву ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсӣ дастаҷамъона лазҳаҳои ба кор андохтани чархаи аввали Неругоҳи барқию обии Роғунро тамошо карданд.
Рӯзи гузашта дар ҳаёти мардуми кишвар ҳодисаи фаромӯшношуданӣ рух дод, рӯйдоде, ки солҳои интизораш буданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.
Пешвои миллат дар суханронии худ аз ҷумла гуфтанд: “Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.
Дар ин маросими ботантана ҳамчунин намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Ба ин муносибат Ноиби президенти Бонки умумиҷаҳонӣ дар минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер ва ҷонишини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано суханронӣ карданд.
Метавон гуфт, ки бо ба кор андохтани чархаи аввали Неругоҳи барқиву обии Роғун сокинони кишвар тамоми сол бо барқ таъмин мегарданд ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъолиятҳои худро ҷоннок мекунанд ва неруи энержии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маротиб меафзояд.
17 ноябри соли 2018 бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар чорабинии тантанавӣ бахшида ба ба кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқию обии Роғун баргузор мегардад, ки дар он кормандони Кумита ширкат хоҳанд кард. Ва ин гуна чорабиниҳо дар ҳамаи ноҳияву шаҳрҳои кишвар ташкил карда шудаанд.