Машқи мудофиаи гражданӣ дар бемористони марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Паҳн шудани бемориҳои сироятӣ низ хатаре ба амнияту саломатии мардум аст. Бахусус дар остонаи зимистон, ки маъмулан ҳаво тағйирёбанда аст ва сардиҳои хушк муҷиби афзоиши бемориҳое чун сармохӯрдагӣ мешаванд, табибон ва беморхонаҳо бояд бештар омода бошанд. Бо дарки масъулият дар назди бехатариву саломатии миллату мардум, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда омодагии беморхонаҳоро низ бо роҳандозии машқҳо месанҷанд.

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар бемористони марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон машқи тактикии махсус оид ба мудофиаи гражданӣ дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои бемористони марказӣ дар пешгирии густариши бемориҳои сирояткунанда” гузарониданд. 

Дар чорабинӣ кормандони бемористони марказӣ, Маркази давлатии назорати эпидемиологии вилоят, Маркази саломатӣ ва кормандони хадамоти давлатии зиддисӯхтории ноҳия, ҳамчунин се адад воситаи махсуси техникӣ ҷалб карда шуданд. 

Дар ҷараёни машқ ба кормандони бемористон дар бораи фаъолиятҳои КҲФ дар самти мудофиаи гражданӣ дар қаламрави вилоят маълумот дода шуд, ҳамчунин оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда тавсияҳо ироа шуданд. 

Дар поёни машқ ба кормандони беморхона китобчаҳо ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.

барчасп: