Мавзӯъ: Тағйирёбии иқлим, мутобиқшавии аҳолӣ ва таъсири он ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ

Яке аз мушкилоти ҷиддии асри XXI, ки аҳолии ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин тағийрёбии иқлим мебошад. Тибқи пешгӯиҳо олимон аз руйи илми астрономия дар асри XX ин равандро мушоҳида карда буданд. Сабаби мушкилоти асосии сайёраи Заминро вобаста ба тағийрёбии иқлим аз равандҳои астрономӣ ва даврӣ  пешгӯӣ карда буданд. Ин раванде, ки ба вуқӯъ омода истодааст, аҳолии курраи Заминро дар ҳолати омодабош қарор дода, ба он тобовар карда истодааст.

Омилҳои тағйирёбии иқлим:

• тағйирёбӣ дар барқароршавӣ, ҷойгиршавӣ, ҳаҷми об дар уқёнусҳо,

• тағйирёбии равшании офтоб,

• тағйирёбии хосиятҳои ҳаҷми орбитаҳо ва Замин,

• тағйирёбии шаффофияти атмосфера ва таркиби он дар натиҷаи  ҷараёни вулканҳо,

• зиёд шудани консентратсияи газҳои гулхонагӣ (CO2 ва CH4) дар атмосфера;

• тағйирёбии  ҳаҷми гармӣ дар амиқи баҳр.

• тағйирёбии қабатҳои байни ядро ва рўйи Замин, дар натиҷаи интиқол ёфтани нафт ва газ.

Дар  ҳолати  тағйир ёфтани  иқлим  равандҳои зерин ба қайд гирифта мешаванд:

- зиёд шудани сел ва обхезӣ;

- ба вуқӯъ омадани тарма;

- ба вуқӯъ омадани ярч;

- аз ҳад зиёд шудани гармӣ ва хунукӣ;

- кам шудани захираҳои барф дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

- паст шудани ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ;

- хушк шудани  зироатҳои киштшуда;

- сафолакбандии заминҳо;

- зиёд гардидани талабот ба об;

- баланд шудани  нарху навои  хӯрока;

- зиёд гардидани ҳашаротҳои зараррасон;

- паст гардидани даромаднокии оилаҳо;

- сар задании касалиҳои сирояткунанда дар байни аҳолӣ.

         Зараре, ки вобаста ба тағйирёбии иқлим ба вӯқӯъ меояд:

- кандашавии пулу купрукҳо;

- зарари пули ва молӣ расонидан ба аҳолӣ;

- баландшавӣ ё пастшавии сатҳи оби дарёҳо;

- лағжиши теппаҳо, сабаби зер хок мондани заминҳои  

- кишоварзӣ ва хонаҳои истиқоматии аҳолӣ;

- аз кор баромадани манбаъҳои гармидиҳӣ( ТЭЦ);

- корношоям шудани шабакаҳои энергетикӣ;

- маҳдуд гардидани  додани реҷаи барқ ба аҳолӣ;

- кам гардидани  нақлиёти мусофиркаш;

- дар деҳаҳо зиёд гардидани буридани дарахтон;

- гарон шудани нарху навои хӯрока, сӯзишворӣ;

- боридани борони зиёд сабаби сар задании сел;

- шуста шудани  қабати  болоии  хок  ба эрозия  гирифтор шудани заминҳо;

- зери об мондани заминҳои кишт ва хоҷагии аҳолӣ;

- гарон гардидани нарху наво.

Ин  омилҳои тағирёбии иқлим ба аҳолӣ  таъсиротњои зиёд мерасонад. Инсоният дар  давоми ҳаётгузаронии худ ба гармӣ ва хунукӣ барои худро нигоҳ доштан мубориза бурда, худро мутобиқ  мекунад.

Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 бо мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, ки захираи барфро дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Хингоб, Сурхоб ва Кофарниҳон (минтақаи Канас) мушоҳидаҳои «аэровизуалии пӯшиши қабатҳои барф»-ро мушоҳида карда, омӯхта баромаданд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки сабабҳои кам мушоҳида гардидани қабатҳои барф ин тағийрёбии иқлим мебошад, ки сабаби асосии он:

- партовҳои газҳои гулхонагӣ;

- зиёд шудани ҳарорати ҳаво;

- зуҳуроти метереологии элнино (дар минтақаҳо бо як андозае, ҳарорат сард мешавад ва боришот зиёд мегардад) ва лалнино (ин зуҳуроти муқобил ба элнинио мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ мушоҳида гардид, ки сабаби он кам ворид шудани фишорҳои атмосферӣ аз тарафи Атлантика ва боришоти хокӣ, ки якчанд рӯзҳои охир ба чашм расид)мебошад.

Инчунин, вобаста ба мушкилоти мубрами аср, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки хатари офатҳои табиӣ зиёд ба қайд гирифта мешавад. Чунки, сарзамин Ҷумҳурии Тоҷикистонро 93%- кӯҳҳо  ташкил намуда, танҳо  7%-и он ҳамвориҳо буда, вобаста ба тағийрёбии иқлим хавфи офатҳои табиӣ низ зиёд шуда истодааст.

Таҳлили ҳолатҳои фавқулоддае, ки соли 2017 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зуҳурот ва равандҳои хатарноки табиӣ чун селҳо, ярчҳо, тармаҳои барфӣ, шамолҳои шадид, боришоти сахт, заминҷунбиҳо, хушксолиҳо, хунукиҳо, жолаи калон, боришоти барфи зиёд, гармии сахт ва ғайра. Аз ҳодисаҳои фавқулоддаи геофизикӣ заминҷумбиҳо яке аз зуҳуроти тавоно ва тахрибиовари табиӣ ба шумор мераванд. Онҳо яку якбора ба вуқуъ омада, вақт ва макони ба амал омадни онҳоро пешгӯӣ кардан ва ё пешгирӣ кардани инкишофи онҳоро фавқулодда мушкил мебошад, ва бештар вақтҳо номумкин аст. Аз ҳодисаҳои фавқулоддаи геологӣ хатари бисёрро вобаста хусусияти паҳншавии оммавӣ доштанашон тармафарои барфӣ, ярчҳо ва селҳо доро мебошанд.

Ҳолатҳои фавқулодда на танҳо ба одамон, балки ба иқтисодиёти давлат низ зарар мерасонанд. Онҳо ба таъмини фаъолияти зисти аҳолӣ таъсир расонида, ба амвол хисорот мерасонанд, инчунин, мувозинати ҳамаи низомҳои ҳаётро вайрон месозанд.

Сабабҳои асосии нигоҳдорӣ ва зиёд гардидани хатарҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим мебошад. Инчунин, ба ин раванд ҷойгиркунии нодурусти иншооти иқтисодиёт; тақсимоти қитъаҳои замин дар минтақаҳои эҳтимолан хатарноки табиӣ; самаранокии нокифояи низомҳои назорати муҳити зист; мавҷуд набудан ва ё ҳолати бади иншоотҳои гидротехникӣ, зиддиярчӣ, зиддитармавӣ ва дигар иншооти муҳандисии муҳофизатӣ; риоя накардани сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, асосан дар маҳалҳои кӯҳӣ мусоидат менамояд.

Таҳлилҳои ҳолатҳои фавқулодда, нишон медиҳад, ки дар  соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  883 зуҳурот ва равандҳои хатарноки табиӣ ба қайд гирифта шуданд, аз қабили-720 ҳодисаи фаромадани тарма, 41 ҳодисаи омадани сел, 32 ҳодисаи баландшавии об дар дарёҳо, 23 ҳодисаи ярч,  33 ҳодисаи заминларза, 21 ҳодисаи  сангреза ва 13 ҳодисаи шамоли шадид мебошанд.  Аз шумораи умумии ҳодисаҳои бақайдгирифташуда 56 ҳолат зарари моддии ҷиддӣ ба хоҷагии халқ ва аҳолӣ  расонидаанд.

Таҳлил нишон медиҳанд, ки аз шумораи умумии ҳолатҳои фавқулоддаи бақайдгирифташуда 20.2% заминҷунбиҳо; 19.1% сел; 19.1 % сангрез; 16 % фаромадани тарма; 8.5% обхезӣ; 4.3% ярч; 3.2%  боришоти барфи зиёд ва хунукиҳо; 3.2% намнокӣ; 1.1% баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва 5.3% шамолҳои шадид ташкил медиҳанд.

Омилҳои асосии ҳалокати одамон ҳангоми ҲФ - и табиӣ тармафароӣ – 21 нафар (67,7%), сангрезиҳо - 3 нафар (9,7%), ярчҳо - 2 нафар (6,5%), барфтудаҳо - 2 нафар (6,5 %), сел – 1 нафар (3,2%) ва шамоли шадид - 1 нафар (3,2%) мебошанд. 

Ба ғайр аз он, дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар соли 2017 - 157 хонаи истиқоматӣ, аз онҳо 49 хона пурра вайрон шуданд), кишти зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати - 604.47 га, 16 пулҳо ва роҳҳои нақлиётӣ -1196.897 км.

Таҳлили умумӣ нишон медиҳад, ки қисми асосии зарари иқтисодиро селҳо  ва омили асосии ҳалокати одамонро тармаву барфтудаҳо ба бор меоранд. Бинобар ин, ва бо мақсади  коҳиши зарари иқтисодии селҳо ва талафоти ҷонӣ зарур аст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ  чорабиниҳои иловагии муҳандисию техникӣ  ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди кишвар таҳия ва татбиқ карда шаванд.

Барои коҳиши зарар аз селомадҳо ва пешгирии талафоти одамон Кумитаи ҲФ ва МГ дар соли 2017 ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавсияҳо дар қитъаҳои хатари селдошта чорабиниҳои зиддиселобӣ  матраҳ ва амалӣ намоянд, ва дар қитъаҳои тармафаро бошад долонҳои зиддитармавӣ сохта шавад.

Чорабиниҳои пешниҳодгашта барои кам намудани зарар дар натиҷаи тағйирёбии  иқлим:

- Пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба  тағийрёбии иқлим;

- Гузаронидани омӯзишҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ;

- Тоза нигоҳ доштани сарчашмаҳои обӣ ва захираи оби нӯшокӣ;

- Захира намудани  маҳсулотҳои хӯрокворӣ;

- Дар теппаҳо лаби  ҷуйборҳо шинонидани дарахтон;

- Кишти  растаниҳо дар ҷойҳое, ки замин ба эрозия гирифтор шудааст;

- Захираи дорувориҳо, тарзи ҳаёти солим;

- Дар минтақаҳои хавфнок насохтани  хонаҳои истиқоматӣ.

лейтанати калон Холов Ҷалол,

корманди Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита.

барчасп: