Агар душман қасд дорад аз силоҳи заҳрогин истифода кунад...

Оре. Миллат ва мардум бояд ҳамеша омода бошад, ки душман дар камин аст ва агар ин душман мехоҳад аз силоҳе кор гирад, ки заҳролуд асту ба ҷони ҳазорон нафар таҳдид мекунад? Як вазифиа мудофиаи гражданӣ омодагӣ ба ҳамаи ҳолатҳоест, ки дар замони рӯёрӯи бо душман метавонанд пеш оянд. Ҳоло кишвари мо аз суботу амнияти комил бархӯрдор аст. Вале бояд ҳамеша ҳам ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ва ҳам хавфи зараррасонии душман омода буд. Ҳамин буд мухтасари тамринҳои серӯзаи мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода ва атрофи он, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард.

 Бар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 муддати се рӯз дар ноҳияи Турсунзода тамринҳои ситодиву фармондеҳии маҷмуъӣ гузаронида шуданд. Мавзуъи ин тамринҳо “Амали ҳайати роҳбарӣ ҳангоми гузариш аз замони оромӣ ба ҳолати ҷангӣ” буд ва барои татбиқи вазифаҳои дар пешгузошташуда гурӯҳи кории КҲФ созмон дода шуд. 

Ба ин омӯзишҳо кормандони маъмурияти шаҳрӣ, комиссия оди ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, комиссияи кӯчониш, комиссия оид ба баланд бардоштани фаъолияти устувори соҳаҳо ва объектҳои иқтисодӣ дар замони осоишта ва ҷангӣ, ташкил ва таъсиси чорабиниҳои таъминкунандаи мудофиаи гражданӣ, неруҳо ва воситаҳои хадамоти мудофиаи граждании шаҳрӣ, воҳидҳои ғайриштатӣ ва ғайриҳарбии мудофиаи граждании шаҳри Турсунзода  ҷалб гардиданд. 

Ин тамринҳо дар се марҳила гузаронида шуданд ва дар онҳо масъалаҳои аз ҷониби мақомоти идораи қувваҳо ва воситаҳои хадамоти шаҳрии мудофиаи гражданӣ, қабули қарор дар мавриди бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ, гузаронидани мудофиаи граждании шаҳр аз ҳолати осоишта ба ҳолати ҷангӣ ва роҳандозии чорабиниҳо дар мавриди интиқоли аҳолӣ ба маконҳои амн дар ҳоли таҳдиди аз ҷониби душман истифода шудани  воситаҳои муосири зарарасон мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. 

Ҳайати роҳбарии шаҳр ба симои Раис-сардори мудофиаи граждании шаҳр А.Вализода, ҳайати роҳбарии мудофиаи граждании шаҳр, объектҳо, ташкилотҳо, ки ба омӯзиш ҷалб шуда буданд, дар ин чорабинӣ иштироки басо фаъолона доштанд.

Ҳамчунин дар доираи омӯзишҳо тамринҳои ситод бо ширкати  маъмурияти шаҳр оид ба ташкил намудани бартарафсозии садамаҳо дар хоҷагиҳои манзиливу комуналӣ ва таъмини энержӣ ,  тамринҳои ситодӣ оид ба ташкили бартарафсозии ҳолате, ки шартан гаравгонгирӣ номида мешавад ва тамрини  хабардоркунии аҳолӣ ҳангоми таҳдиди ҳолатҳои ногаҳонӣ низ мавриди омӯзишу машқ қарор гирифтанд.   

Гурӯҳи кории КҲФ ҳамчунин бо ҷалби аҳолии маҳалҳои ҷудогонаи ноҳия дар ҳамин росто як силсила корҳои соҳилбандиву соҳилмутаҳкамкунӣ, тозасозии маҷрои рӯдхонаву каналҳо ва селбурдаҳоро анҷом дод. 

Омӯзишҳо ба ҳадафҳои худ расиданд, ҳамаи чораҳои ба нақшагирифташуда иҷро гардиданд.

барчасп: