Ҳалокати як ҷавони 19-сола ҳангоми ҷамъоварии ҳезум: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷисми беҷони як сокини 19-солаи ноҳияи Раштро ду километр дуртар аз макоНи вуқуъи ҳодиса пайдо карданд. Ин ҷавон рӯзе қабл ҳангоми ҷамъоварии ҳезум аз соҳили Сурхоб дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дарё сарозер шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як бори дигар ба сокинони бумии минтақаҳои кӯҳӣ ва соҳили дарёҳои шӯхоб муроҷиат мекунад: ДАР ҲАВОИ НОМУСОИД БАРОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲЕЗУМ ВА ЧАРОНИДАНИ МОЛИ ХУД КӮДАКОН ВА НАВРАСОНРО ҶАЛБ НАКУНАНД!

Таҳлили ҳодисаҳои нохӯше, ки ба фавти одамон дар кӯҳҳо оварда мерасонад, нишон медиҳад, ки дар ин ҳодисаҳо на кӯҳҳо, балки худи одамон гунаҳгоранд. Сабаби  мусибат қабл аз ҳар чизи дигар омилҳои субъективӣ мешаванд, ки пурраву комил аз худи одамон, аз риояи қоидаҳои бехатарӣ, донистани роҳҳои кӯҳӣ, бахусус дар мавсимҳои ҷудогона вобастаанд.

Муддати чанд моҳи охир Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда чандин маротиба ба аҳолӣ муроҷиат намуд, ки дар иртибот ба зуҳуроти нохӯши метерологӣ, аз ҷумла сардшавии ҳаво ва боришот бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ аз рафтан бар ғунучини ҳезум, чаронидани чорво ва шикор худдорӣ кунанд. 

Аммо мутаассифона, на ҳамаи шаҳрвандон  ба ин тавсияҳо гӯш медиҳанд. Чунончӣ, 6 ноябри соли равон сокини 19-солаи ноҳияи Рашт дар натиҷаи риоя накардани  қоидаҳои бехатарӣ дар вақти ҷамъоварии ҳезум лағжид ва ба дарёи Сурхоб фурӯ рафт. 7 ноябри соли равон наҷотдиҳандагони Кумита ҷисми беҷони шаҳрвандро ду км дуртар аз маҳалли ҳодиса пайдо карданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз сокинони бумии минтақаҳои кӯҳии кишвар бо эҳтиром хоҳиш менамояд ҳангоми ба чаро бурдани чорвои худ, ҷамъоварӣ ва захираи ҳезум барои зимистон бачаҳо ва наврасонро ҷалб накунанд ва дар ҳоли ҳавои номусоид то ҳадде имкон ҳаст аз роҳандозии ин корҳо умуман худдорӣ намоянд.

барчасп: