Ҳамоҳангӣ дар мубориза бо амалҳои зишти ттэ ҳни кафолати оромист

Агар ба воқеият ва равандҳои ҷаҳони имрӯза назар андозем, қалам ҷойи шамшерро гирифтааст ва халал расондан ба тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба ҷои арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ маъмул гардидааст. Ин равандро ба назар гирифта, мо бояд роҳҳои ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва арзишҳои миллии худро пешорӯи ин гуна таҳдидҳо муайян намоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мо ҷонибдори эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Воқеан ҳам, ин ягона роҳест, ки ниёзҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаи моро бароварда месозад. 
Мутаассифона, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ қувваҳое ҷой доранд, ки мехоҳанд идеологияи маҳдуди худро, ки ба манфиатҳои гурӯҳияшон асос ёфтааст, бидуни эътирофи назару андеша ва ҷаҳонбинии аз эшон фарқкунанда ба мардум таҳмил намоянд. Одатан, се навъи ин гурӯҳҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба назар мерасад, ки гурӯҳи аввалӣ ҷонибдори ақоидест, ки бар исломи радикал наздикии бештаре дорад. Дувумӣ ҷонибдори ақоиди атеизмӣ ҷанговар ва сеюмӣ ҷонибдори сиёсати арзишҳои либералианд.
Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бештари мамлакатҳои он барои фаъолияти диниву мазҳабӣ ва озодии эътиқод заминаи мусоид фароҳам омад. Мутаассифона, дар радифи ин озодиҳо дар кишвари мо гурӯҳи аввале, ки дар боло зикр кардем, яъне қувваҳои муртакиби арзишҳои иҷтимоии динӣ низ ҷон гирифтанд ва фаъол гардидани онҳо дар ҳаёти ҷомеа боиси дигаргуниҳои бемантиқ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ талош меварзад, ки пеши роҳи ин даҳшатафканиро бигирад. Аммо, чуноне ки шоҳидем, вазъият рӯз ба рӯз вазнинтар гардида, суистифода аз исломи сиёсӣ мамлакатҳои зиёдро ба ҳоли табоҳ расондааст. Таъсири ин раванд, аз ҷумла ба Тоҷикистони азизи мо расид. Ташкилоти террористӣ - экстремистии  ҲНИ ба қавли муассисонаш беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон амал кард. 
Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта масъулони ин ҳизб мақсади ба сари ҳокимият омаданро доштанд ва табдили давлати дунявиро ба давлати динӣ ба ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гашт, аммо набудани имконияти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳо кушод. Охирин мақсади онҳо табаддулот буд, ки, хушбахтона, ба нокомӣ анҷомид. 

Имрӯз роҳбарону аъзои фирории ин ташкилоти экстремистӣ - террористӣ дар хориҷи кишвар ҳам ором нестанд ва ҳар лаҳза дар пайи ноором кардани вазъ дар Тоҷикистонанд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди хатарҳои ношӣ аз ҷониби ин гурӯҳ на танҳо вазифаи давлат ва Ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвари биҳиштосоямон саҳмгузор бошанд.

Фирдавси КАБИР,
Рӯзноманигор

БОЗЧОП аз рӯзномаи
“Ҷумҳурият” аз 1 ноябри соли 2018

барчасп: