Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар минтақаҳои осебпазири ноҳияи Рӯдакӣ

Омӯзишҳои пайваста ва донистани қоидаҳои бехатарӣ яке аз омилҳои коҳиши хатари офатҳои табаӣ ба шумор мераванд. Одамон ҳар қадар ин ин гуна қоидаҳо ошно бошанд, ҳамон андоза дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ ва ё техногенӣ фаврӣ амал мекунанд.

Бар асоси Нақшаи тасдиқкардаи КҲФ оид ба омӯзиш додани аҳолии ноҳияҳои кишвар, ки дар минтақаҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ ҷойгиранд ва бо мақсади татбиқи қарорҳои ҷаласаи Коллегия, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни мардум пайваста корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ мекунанд. 

Чунончӣ, гурӯҳи корӣ муддати ду рӯз дар миёни аҳолии маҳаллаҳои  «Шайнак», «Ҳосилот» ва «Пахтакор»-и ноҳияи Рӯдакӣ ин гуна корҳоро ба роҳ монд.  Ин ҷамоатҳо бештар аз дигар минтақаҳои ноҳияи ёдшуда ба селу ярч осебпазиранд. 

Дар ҷараёни мулоқот кормандони Кумита иштирокдоронро муфассал оид ба сел, ярч, лағзиши тарма шинос карданд. Ба онҳо фаҳмониданд, ки дар ҳолатҳои фавқулодда чӣ гуна бояд бехатариву амнияти худ ва атрофиёнро таъмин кард ва ҳамчунин онҳоро бо воситаҳои ҳимояи шахсӣ ошно намуданд. 

Ғайр аз ин кормандони Кумита ба мақомоти худидории маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳо оид ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ кумакҳои методӣ расониданд. 

Дар поёни мулоқот ба ширкаткунандагон китобчаҳо ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд. 

Ҳадафи ин гуна чорабиниҳо ба аҳолӣ омӯзонидани донишҳоест, ки амали онҳоро дар ҳолатҳои фавқулодда нишон медиҳанд, қоидаҳои кӯчонидани аҳолии зарардида ва ё зери хатар ба маконҳои амнро меомӯзанд. 

барчасп: