Мониторинги корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ВМКБ ва ноҳияи Рӯдакӣ

Пӯшида нест, ки махсусиятҳои иқлимиву геологии минтақаҳои Тоҷикистон сабабгори муттасил рух додани офатҳои табиие аз қабили омадани сел, обхезӣ, тарма ва ғайра мешаванд.

Барои иҷрои супориши Сарвари давлат  оид ба роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҳалҳо корҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои саноатӣ аз таъсири манфии рӯйдодҳои ёдоваришуда гузаронида мешаванд. 

Чунончӣ, кормандони КҲФ якҷо бо намояндагони ҳокимияти маҳалии иҷроияи давлатӣ ,  Кумитаи давлатӣ оид ба замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар мақомоти салоҳиятдор дар қаламрави ноҳияи Рӯшони ВМКБ барои чорабиниҳои аввалиндараҷаи ҳимоявӣ ва соҳилбандӣ, ки ба пешгирии сел ва обхезӣ дар қитъаҳои дарёи Панҷ равона шудааст, мониторинг гузарониданд. 

Мутахассисон аз натиҷаи мониторинг ба оид ба васеъ намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳудуди Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшон ва мӯҳлати иҷрои он тавсияҳо доданд.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Рӯдакӣ командони Кумита якҷо бо намояндагони ҳокимияти иҷроия бо ҷалби сокинони ҷамоати Зайнадобод дар масофаи 450 м  каналҳоро тоза карданд, соҳилҳоро мустаҳкам намуданд.

Ғайр аз ин кормандони КҲФ дар миёни аҳолӣ дар мавзӯи “Амали аҳолӣ  ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба сел ва обхезӣ” суҳбат гузарониданд.

барчасп: