декабря 2016

Баргузории семинар дар масъалаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

20-уми декабри соли 2016 дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазорату идораҳои масъул ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ семинар баргузор карданд.
Дар ҷараёни семинар ширкаткунандагон рафти иҷрои Қарори

55 ҳолати фавқулоддаи табиӣ соли 2016 беш аз 161 миллион сомонӣ зарар овард

55 офати табиии соли 2016 ба кишвар 161 миллиону 336 ҳазору 200 сомонӣ зарар овардааст. Ва бар асари ин офатҳо – 20 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд, ки 17 нафари онҳо сокинони вилояти Суғд буданд. Ду нафар дар вилояти Хатлон ҷон бохтанд ва як тани дигар дар минтақаи Рашт.
Бар асари офатҳои табиӣ, аз қабили заминларза,  шамол, боронҳои зиёд ва омадани сел соли 2016 дар шаҳру

Аз 119 ғарқшудагони соли 2016 55 нафарашон ҳанӯз ба синни 17 нарасида буданд

Соли 2016 дар ҷумҳурӣ 119 нафар бар асари ғарқ шудан дар об ҷони худро аз даст додаанд. Таҳлили оморҳои фаврӣ ҳикоят аз он доранд, ки  55 нафар аз ҷумлаи ғарқшудагон шаҳрвандони синни то 17-сола буда, 64 нафар афроди аз 17-сола боло мебошанд.
Ин афрод дар кӯлу дарёҳо бо сабабҳои гуногун ғарқ шудаанд. Аз ҷумла, касоне даст ба худкушӣ задаанд ва ҷонашонро аз даст додаанд, теъдоде бар асари садамаҳои

Ҳамкориҳои минтақавӣ дар мулоқоти Рустам Назарзода ва Пратибҳа Метҳа баррасӣ шуд

19-уми декабри соли равон Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенант Рустам Назарзода Намояндаи доимии тозатаъини Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, хонум Пратибҳа Метҳаро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари Кумита хонум Метҳаро дар бораи фаъолиятҳои Кумита ва сохторҳои мартуб ба он шинос намуд. Вай аз ҳамкории дуҷониба миёни сохторҳои зидахли СММ изҳори

КҲФ: Тағйири ногаҳонии боду ҳаво дар қаламрави кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии мамлакат аз 17 то 21-уми декабри соли 2016 якбора бад шудани ҳаво, аз ҷумла бориши борон ва дар баландии 1200 метр барфи тар, ҳамчунин дар водиҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорати миёнаи ҳаво  8 °С-ро ташкил хоҳад дод.

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

16-уми декабри соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо иштироки сардори Раёсати мудофеа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Шараф Файзуллозода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои  КҲФ дар 11 моҳи охир баргузор шуд.

КҲФ тафтиши фаъолияти сарварони Ситодҳо ва фармондеҳони қисмҳои низомиро оғоз кард

Як гуруҳи корӣ, ки ахиран бо фармони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, сатҳи омодагиву корбарии Ситодҳои минтақавӣ ва фармондеҳони воҳидҳои низомии тобеъи Кумитаро меомӯзад.
Бо мақсади омӯзиши вазъи амалӣ, тафтиш ва арзёбии самаранокии фаъолияти роҳбарони ситодҳои ноҳияҳо,

Ҳамдардии Сарвари КҲФ ба даргузашти ҳамтои арманиаш Армен Еритсян

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба муносибати даргузашти нобаҳангоми Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон Армен Еритсян барқияи ҳамдардӣ ирсол кард.
«Ба аҳли хонавода, пайвандон, наздикон ва ҳамкорони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ мекунем. Арзи тасаллияти моро бипазиред.

Шохсорон сархаму хомӯш зери бори барф....

Барфу борони ба ҳам омехта билохира рафтуомади одмон ва мошинҳоро дар ҷодаҳо ба мушкил рӯ ба рӯ кард.  Ба назар
мерасад зимистони имсола аз порина сахттар меояд ва барфаш ҳам бештар.
Ҳаво чандон сард нест, вале барф бошиддат меборад. Дар қисме аз кӯчаҳои пойтахт бар асари шикастани шохаҳои дарахтон аз гаронии барфи тар гардиши мошинҳоро мушкил кардааст. Дар баъзе ҷодаҳои шаҳр шохҳои азиме аз дарахтони бузургҷусса канда шуда, худро дар симҳои тролейбусҳо андармон кардаанд.
Аксҳо аз манзараҳои субҳи имрӯзи пурбарфи шаҳри Душанбе. Баргирифта аз саҳифаи Фейсбук.

Санҷиши омодагии ниҳодҳои зидахли Роғун дар ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аксари 18 пешниҳоди Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ин шаҳрро, ки ахиран ироа шуда буд, иҷро кардааст.
Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Роғун мегӯяд масъалаи омодагии қувва ва техникаҳои ҳудуди шаҳрро  вобаста ба рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ  ва таъмини амнияти  аҳолӣ санҷидааст.

Наваскарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда савганди садоқат ба Ватан ёд карданд

Маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ имрӯз дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин маросими барои сарбозони ҷавон хеле муҳим ва хотирмон волидони онҳо, хешовандон, наздикон ва дӯстонашон, ҳамчунин меҳмонони фахрӣ ширкат карданд.
Баъди фармони овардани ҳайати шахсӣ ба савганди ҳарбӣ

Диққат! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад: борону барфи рӯзҳои оянда ва яхбандӣ дар роҳҳои куҳӣ !

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми декабри соли 2016  обу ҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона шамоли сахт, ки дар як сония то 17-22 метр мевазад, пешбинӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар

Страницы