Ахбори рӯз

Консули Тоҷикистон дар Екатерингбург хабари ҳалокати Раҷабмоҳ Улфатова бо се кӯдакашро тайид кард

Сафар Сафаров-Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия гуфтааст, ки баъди кофтукови сешабонарӯзӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабмоҳ Улфатова бо се ҷигарбанди хурдсолаш аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта берун оварда шуд. Мақомот ин чаҳор ҷасадро шиносоӣ кардаанд ва ҳоло онҳо ба сардхона интиқол ёфтаанд. Консули Тоҷикистон дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” ин хабарро тайид кардааст ва бино ба гуфтаи ӯ падари ин фарзандон дар айни замон бо ҳоли вазнин ба бемористони Челябинск бистарист.  

Шумори ҳалокшудагон дар бинои фурӯрафтаи Магнитогорск ба 37 нафар расид

Ҷустуҷӯву кофтукови одамони зери бинои аз таркиш фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорск идома дорад. То ҳол 43 нафар аз зери ғарами оҳану бетон ва деворҳои фурӯрафта берун оварда шудаанд ва як шаҳрванди Тоҷикистон низ зинда аз ин бино берун шудааст. Кофтукови чор шаҳрванди кишвар ҳамоно идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи ду рӯзи охир бо Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия дар вилояти Челябинск дар иртиботи ҳамешагӣ қарор дорад. Ва дар сурати дарёфти хабар фавран иттилоъ хоҳад дод.

Дуюмин рӯзи Соли нав: Сомонаи мо дар соли 2018

Соле рафт ва соли дигар оғоз шуд. Имрӯз метавонем дар бораи як соли фаъолияти сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сухан бигӯем. Сомонаи www.khf.tj сомонаи ниҳоди давлатист, ки асосан хабару гузоришотеро интишор медиҳад, ки иртибот ба фаъолиятҳои Кумита доранд. Навгониҳо,

Табрикоти телевизионӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2019

31.12.2018 21:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан рӯзгори ободу осуда ва хушбахтиву иқболи нек орзу менамоям.

СОЛИ НАВУ ИҚБОЛИ НАВ!

Муҳтарам корбарони сомона, дӯстони иззатманд! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Соли Нави 2019 самимона муборакбод мекунад! Бигзор ин сол соле бошад, ки Шумо дар амнияти комил ҳаёт ба сар баред. Саломатӣ, хушиҳои зиндагӣ ва беҳбудиҳо ҳамқадаму ҳамроҳи Шумо ва наздикони Шумо бошанд! Бигзор рӯйдодҳои хотирмони имсол умре дар хотири Шумо нақш банданд ва мову шумо бо дидгоҳҳои тозаву нақшаҳои нави корӣ пой ба остонаи соли Нав ниҳем!

Страницы