Ахбори рӯз

Марги ду ноболиғ дар рӯди Душанбе. Сеюмӣ наҷот ёфт, вале дар ҳоли вазнин бистарист

Рӯзи 16 – уми майи  соли 2021 тахминан соатҳои 16:27 се писари ноболиғ, ки ду нафари онҳо фарзандони як оила буданд, дар рӯди Душанбе ғарқ шуданд. Ду нафар ба ҳалокат расиданд, якеро наҷот доданд ва он ҳам дар ҳоли вазнин дар бемористон аст. Сабаб беназоратии волидон.

Чуноне, ишора рафт, ин ҳодлиса наздикиҳои бегоҳ рух дод.

Ширкати тими КҲФ дар Рӯзи Дави миллӣ

Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Дави миллӣ ширкат намуд. Имсол рӯзи дави миллӣ рӯзи 16-уми май баргузор шуд ва дар он беш аз 100 нафар кормандони идораи наҷоти кишвар иштирок карданд.

Дар қатори ҳазорон иштирокчиёни дигар, ки аз мақомоти

Идомаи корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар Кӯлобу Восеъ. Вазъи 1638 хонаи осебдида санҷида шуд

Дар шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ки рӯзҳои 11-12-уми май аз сел зарар дида буданд, бо ҳамоҳангсозии Ситоби доимамалкунандаи фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо сокинон ва ширкати як қатор вазорату идораҳо  корҳои бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ идома доранд.

Вазъи минтақаҳои офатзадаи ноҳияи Вахш то ба ин соатҳо. Шарҳи расмӣ

То имрӯз, 17-уми май Комиссияи бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои кишвар барои  расонидани умак ба офатдидагон аз сел дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон як силсила корҳои муфидро ба анҷом расонд. Дар минтақа Ситоди фаврӣ таҳти сарпарастии ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода

Баргузории ҷаласаи Комиссяи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд​ таҳти роҳбарии муовини Раиси Комиссия-муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва ширкати аъзои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҷаласаи Комиссияи ҳудудии ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласа доир ба фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои...

Страницы