COVID-19: Болотарин сатҳи маргумири шабонарӯзӣ дар Ҳинд сабт шуд. Аммо сироят ва марг дар олам коҳиш ёфтааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки аз 31-уми май то 6-уми ииюни солим равон дар олам аз коронавирус 73 807 нафар ҷон бохтанд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 8% кам аст. Дар ин рӯзҳо дар саросари олам 3 миллиону 016 ҳазору 005 мубталои нав ба COVID-19 сабт шудааст ва дида мешавад, ки сураъти афзоиши гирифторони шабонарӯзӣ 15% коҳиш ёфтааст. Дар Африқо ин беморӣ то 25% рушд доштааст. Аммо коҳиши чашмгири сироятро ин созмон дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (31%), Аврупо (17%) мушоҳида кардааст.

Теъдоди бештари фавтидагон аз КОВИД-19 дар ин рӯзҳо дар минтақаи Ғарбии уқёнуси Ором (19%) сабт шудаанд. Дар Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ маргумир 21% коҳиш доштааст. 

Дар шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Ҳинд бештар аз 92,5 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро ба қайд гирифтаанд. Субҳи рӯзи панҷшанбе Ҳинд аз болотарин сатҳи маргумири шабонарӯзи аз КОВИД-19 аз оғози ҳамагирӣ хабар дод. Дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 6148 нафар бар асари гирифторӣ ба коронавирус ҷон бохтаанд.  Ин ҷаҳиши бузург дар шумори рӯзонаи қурбониёни сабтшудаи корона пас аз бозбинии омори иёлоти Биҳор, дувумин иёлоти бузурги Ҳинд рух додааст. Гуфта мешавад, ки иёлоти Биҳор яке аз фақиртарин иёлатҳои Ҳинд ба шумор меравад. Ҳоло шумори умумии гирифторони коронавирус дар Ҳинд ба 29 миллиону 183 ҳазору 121 нафар расидааст.

Хазинаи хайрияи ширкати Mastercard (Mastercard Foundation) барои харидории воксин ба кишварҳои қораи Африқо муддати се соли оянда 1,3 миллиард доллар ҷудо мекунад. Ин доруҳо бо мусоидати марказҳои африқоии  назорат ва пешгирии бемориҳо харида хоҳанд шуд. Ин ширкат ҳамчунин гуфтааст, ки як қисми ин маблағҳо барои роҳандозии тавлиди воксинҳо дар қаламрави худи кишварҳои Африқо масраф хоҳанд шуд.  

Парламони Аврупо дар қаламрави иттиҳод ҷорӣ шудани шаҳодатномаи рақамии коронавирусро тасдиқ кард. Акнун қарор дар мавриди худи шаҳодатномаҳо, ки аз чанд ҳуҷҷат иборат хоҳад буд, расман бояд аз ҷониби Шӯрои Аврупо  қабул карда шуда, дар маҷаллаи расмии ИА чоп шавад. Танҳо баъди ин он қонунӣ мешавад ва аз 1-уми июли соли 2021ба иҷро медарояд. 

Дар ИМА 50% кӯдакони аз 12-сола боло пурра муқобили коронвирус эм кардда шуданд. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар иёлотҳо бештар аз 1 миллион доза воксин масраф мешавад. То кунун бештар аз 171 миллион сокинон, ки тахминан 51,1 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, ҳаддиақал як дозаи воксанро гирифтаанд. 141 миллион нафар сокинони ИМА бо дарёфти ду дозаи воксина худро эм кардаанд.  

Канада марзҳояшро барои кулли гардишгароне, ки зидди коронавирус худро эм кардаанд, боз мекунад.

Аз 10-уми июн дар Олмон шаҳодатномаҳои рақамии воксаншудагон фаъол мешавад.  

Раиси Ҳукумати Испания Педро Санчес ба ин назар аст, ки ба шахсоне, ки зидди коронавирус худро бо воксини русии  "Спутник V" эм кардаанд, бояд иҷозаи вуруд ба қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дода шавад.

Президенти Палатаи савдои Италия-Русия Винченсо Трани дар бораи фоидаҳои воксини русии "Спутник V" изҳори назар намуд. Ба гуфтаи ӯ талабот ба ин воксин бештар аз пешниҳод аст.

Дар Туркия шабонарӯзи гузашта 6609 сироятшудаи нав ошкор кардаанд ва 557 аз COVID-19 фавтидаанд.

Чин аз эмкунии бештар аз 808 миллион сокинонаш зидди COVID-19 хабар дод.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия баъди 7-уми март бори аввал беш аз 10 ҳазор мубталои нав ба COVID-19-ро ба қайд гирифтанд.  

Олма-Ато аз камбуди ногаҳонии воксини зидди коронавируси «Спутник V» хабар дод.

Шумори гиифторон ба коронавирус дар Қирғизистон ба 108 173 ва фавтидагон ба 1864 нафар расидааст. Дар беморхонаҳои ин кишвар 102 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.  

То 10-уми июни соли 2021 теъдоди мубталоён ба коронавирус ба 102 362 нафар расида, аз ин беморӣ 701 нафар ҷони худро аз даст додаанд.  

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон то 10-уми июни соли равон 13 308 ва фавтидагон 90 нафар эълон шудааст. Сатҳи маргумир бар асари коронавирус дар кишвар 0,68% мебошад.

барчасп: