Ахбори рӯз

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шамоли шадид дар баъзе минтақаҳои кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 20-21-уми июни соли равон дар қаламрави шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Панҷекат, Гулистон, Кӯлоб, Ҳисор, ноҳияҳои Панҷ, Ховалинг, Рӯшон, Файзобод, Лахш, Ёвондеҳаҳои Панҷи Поён, Айвоҷ, Эсанбой, Санглох, Бӯстонобод, ағбаҳои Чормағзак...

Корҳои таблиғотӣ дар соҳили “Баҳри тоҷик”

Аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании НАЗДИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  дар шаҳри Гулистон баҳри таъмини бехатарии сокинону меҳмонон, ки барои истироҳату фароғат соҳили "Баҳри тоҷик" обутобгоҳи Сайёд омадаанду хурду калон бо шиноварӣ машғуланд аксияи "Саломатӣ- гавҳари ноёби инсон!" ташкил ва гузаронида шуд.

Наҷоти навзоде, ки дар қуттӣ дар рӯди Ганг шино мекард

Як қоиқрон дар иёлоти Уттар-Прадеш, воқеъ дар шимоли Ҳинд муваффақ ба ин шудааст, ки як навзоди духтарро, ки дар дохили як қутии чӯбӣ дар оби дарёи Ганг шино мекард, наҷот диҳад. Ин қоиқрон, ки аз ӯ Голлу Ҷаудҳар ном бурда мешавад, гуфтааст, ки гиряи ин тифли 21-рӯза ӯро водор кард, ки ба самти қутии чӯбӣ заврақ ронад ва онро ба соҳил кашидаву наҷот диҳад.

Маҳфили адабӣ дар Қисми ҳарбӣ. Меҳмонон ба сарбозон аз Ваҳдат гуфтанд

Дар толори китобхонаи қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо гурӯҳи тарғиботчиён ва адибон Исломҷон Раҳимов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети забонҳои шарқӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров , Фарзонаи Зарафшонӣ, шоира, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Гулистони дониш”, Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон ва Фаридуншоҳ Абдуллоев, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо

Наҷоти кӯдаки 11-сола дар “Баҳри Тоҷик”. Волидон ҳамоно ба сарнавишти фарзандонашон бепарвоянд

16 – уми июни соли 2021, соати 12:10 дақиқа ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнӯъи “Баҳри тоҷик” дар қаламрави шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар натиҷаи беназоратии волидон сокини 11-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қариб буд дар об ғарқ мешуд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар наздикии ҳамон мавзеъ навбатдорӣ мекарданд, сари вақту басо оҷил худро ба ҷойи ҳодиса расонданд.

Страницы