Ахбори рӯз

Анҷоми амалиёти ҷустуҷӯ ва интиқоли ҷасади халабони ҳалокшудаи Ми-8

18 – уми августи соли равон билохира амалиёти ҷустуҷӯ ва овардани ҷасади халабони ҳалокшудаи чархболи Ми-8 Қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон ба анҷом расид ва ҷасади Сергей Тютин аз баландии бештар аз 5 ҳазор метр поин оварда шуд. Ин чархбол 4-ми августи соли равон ҳангоми кумакк ба сайёҳон дар пиряхи Федченко, воқеъ дар қаламрави ноҳияи Ванҷи ВМКБ сарнагун шуда буд.

Заминларзаи аз 3 то 4 балл дар Тоҷикистон

Имрӯз, 18-уми август тахминан соати 13:52 дақиқа, ба вақти маҳаллӣ дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта  шуд.

Маркази заминларза 156 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 18 киллометр ҷанубу шарқ аз ноҳияи Тоҷикобод буда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл,  дар ноҳияи  Тоҷикобод  2-3  баллро ташкил дод.

27 сол. Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чаро ташкил шуд?

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 августи соли 2002, №323  бо мақсади ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, инчунин тайёрии тамоми зинаҳои мақомоти идораи ҷумҳуриявӣ барои амалиёти фаврӣ ва самаранок дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода

Баррасии ҳамкориҳои ояндаи КҲФ ва Салиби Сурх дар мулоқоти генерал Назарзода ва хонум Шопп

17 – уми августи соли равон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари Намояндаи Созмони байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Ангелика Шопп мулоқот кард. 

Дар оғози вохӯрӣ Сарвари КҲФ аз робитаҳо ва ҳамкориҳои...

27 соли таъсиси идораи наҷоти кишвар

17-уми августи ҳар сол наҷотдиҳандагон иди касбии худро таҷлил мекунанд. 27 сол пеш дар ҳамин рӯз бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Шўрои Вазирони ҶумҳурииТоҷикистон таъсис шуд. Аммо мақомоти мудофиаи гражданӣ таърихе дорад, ки хонданист.

Страницы