Ахбори рӯз

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон

Дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ба номи Умари Хайёми ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистони вилояти Суғд «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар он 700 нафар хонандагон  80 нафар омӯзгорон директорон, омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва...

Омӯзиши қарору қонунҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулода дар Раёсати ВМКБ

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон дар асоси иҷрои бандҳои  ҷаласаи ҳайати мушовираи Кумита аз 9-уми апрели соли 2021 бо мақсади такмил додани савияи дониш, малакаи касбии афсарон аз 19 то 24-уми апрели сол равон дар Раёсат мағулиятҳои фармондеҳӣ ва омӯзишии Қонун ва Қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии...

Имзои Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба макони зист

Рўзи 20 апрели соли ҷорӣ маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист баргузор шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки рўзи 14 апрели соли 2021 дар ноҳияи Сангвор маросими ба истифода супоридани

14 нафар хатмкардагони як давраи омӯзишии забони англисӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросим супурдани шаҳодатномаҳо ба ширкаткунандагони давраи омӯзишии забони англисӣ баргузор шуд. 14 нафар хатмкардагони ин давраи омӯзишӣ, ки се моҳ идом а дошт, соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.

Ин дуюмин давраи омӯзишӣ барои кормандони...

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи Миллӣ

20 апрели соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимии коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ полковник Ҷамшед Камолов доир шуд.

Страницы