Ахбори рӯз

Хабари такондиҳандаи марги ду нафар дар об. Яке зани баркамолу худкушӣ кард ва дигаре писари 8-сола, ки ғарқ шуд

Дар бораи марги ду нафар дар обҳои кишвар гузориш расид. Бино ба маълумоти сардори Бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор рӯзи 10-уми майи соли ҷорӣ як бонуи 44-сола, сокини деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳия ба қасди худкушӣ худро дар оби дарёи Хингоб сарозер кард. Хешовандонаш гуфтаанд, ки бемории рӯҳӣ дошт. Вале сабаби аслии даст ба ин иқдом задани ӯ маълум нест.

COVID-19: Дар Ҳинд бемории дигар – мукоромикоз дар ҳоли авҷ аст

Шабонарӯзи гузашта дар саросари Ҳинд бар асари коронавирус 5 ҳазору 187 нафар ҷон бохтанд.  Бино ба гузориши вазорати тандурустии Ҳиндустон дар ин кишвар бемории мукоромикоз, ки бо номҳои “занбурӯғи сиёҳ” ва “мағори сиёҳ” низ маълуму машҳур аст, дар ҳоли авҷ гирифтан мебошад. Ин бемориро занбурӯғи мукор, ки маъмулан дар ҷойҳои намӣ зиндагӣ мекунад ва бештар беморони қандро ҳадаф қарор медиҳад...

ФАВРӢ: Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ. Талафоти ҷонӣ нест (ВИДЕО)

Бар асари боронҳои шадид дар қаламрави деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ фурӯравии замин ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 15 хонаи истиқоматии сокинон ва 100 гектар замини кишт фурӯ рехт.

Бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш ва марги одамон дар мавриди интиқоли 167 хоҷагӣ ба маконҳои...

Роҳадозии корҳои соҳилбандӣ дар соҳили “Баҳри тоҷик” ва дарсҳои мудофиаи гражданӣ дар Хатлон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030», инчунин ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои таъхирнопазир ва пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими боронгариҳо, пешгирии рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи селу обхезиҳо рӯзи 7-уми майи соли...

Ҳалокати боз ду кӯдак дар кишвар. Волидонро ба масъулиятшиносӣ даъват мекунем!!!

Боз хабари марги як кӯдак дар Тоҷикистон, ки сабабгори аслӣ волидонанд. Падару модароне, ки онҳоро беназорат мегузоранд, худро саргарми корҳои дигар мекунанд ва як ҷони ҷавонро аз даст медиҳем. Хонае мотамкада, аммо дигар аз ин доду войю рӯканиву мӯканӣ чӣ суд? Падару модарон! Масъулияшинос бошед, нагузоред, ки ҷигарбандонатон бармаҳал зери хок шаванд!

Страницы