Ахбори рӯз

Ҳавои сард ва барф. Кай ва дар куҷо?

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 12 то 15 январи соли 2023 дар қисмати бештари кишвар ҳавои сарди воридшуда аз самти аврупоии Федератсияи Русия боқӣ мемонад. Дар аксари навоҳӣ, бахусус дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ ҳаво шабона аз -19-24 то -13-18 дараҷа сард мешавад. Рӯзона бошад дамои ҳаво аз  -9-14 то 3-8 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар навоҳии кӯҳӣ ҳаво шабона аз -20-25 то -14-19 дараҷа...

Тавсияҳои КҲФ дар рӯзҳои сарди зимистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки ҳавои номусоид ва сард дар кишвар то 15-уми декабр боқӣ мемонад. Имрӯз, 11-уми январ низ бориши барф дар қаламрави кишвар идома мекунад.

КҲФ хотиррасон мекунад, ки ба сабаби барфи зиёд хатари...

Садамаи «Opel Zafira» дар роҳи Душанбе – Варзоб. Ҳалокати мософирхонуми ҷавон дар роҳи интиқол ба бемористон

Соати 12:30 дақиқаи рӯзи 10 – уми январи соли равон дар километри 53-уми роҳи Душанбе – Варзоб ронандаи мошини  тамғаи «Opel Zafira», ки аз Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва ба як мошини сӯхтбар, ки газ интиқол медод, бархӯрд.

Дар натиҷаи ин садама 6 нафар мусофирони мошин...

Лағзиши тарма дар роҳи Душанбе – Варзоб. Роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан баста аст (ВИДЕО)

10 – уми январи соли  2023 дар километрҳои 67, 68, 69, 70 ва 71 роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар тармаи километри 67-ум қисмати чапи як мошини тамғаи “Мерседес – Спринтер” зери ғарами барф монд. Бо талоши кормандони ширкати роҳи IRS, ки дар ин қитъа навбатдорӣ мекунанд, ронандаи мошин наҷот дода шуд.

Барои тоза кардани роҳ аз ғарами барфи сарозершуда техникаи ширкати роҳи IRS...

Ва боз ҳам дар бораи ҳавои сарду бориши барф. Кай ва дар куҷо?

 Имрӯз аз субҳ дар душанбе барф борид ва хеле башиддат меборад. Алакай мебинем, ки шохаҳои дарахтор аз парфи пурбор хам мешаванд. Пешгӯии ҳавошиносон  ин бор ҳам дуруст буд. Барф ҳамоно мебораду меборад.

Чуноне пештар ҳам хабар додем, бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи...

Страницы