Ахбори рӯз

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд (ВИДЕО)

5 январи соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолиятҳои фаврӣ-хидматӣ дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Раёсати мудофиа ва таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор А.Маҷидзода ширкат намуд.

Роҳандозии корҳои пешгирӣ аз хатари оофатҳо дар ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби захираи моддии мақомот дар ҷамоатҳои шаҳраки Навкат ва Турсун Улҷабоев бо истифода аз техникаҳои муҳандисӣ тоза намудани ҷӯйбори обгузарро аз қуму лойқа ба масофаи 1000 метр ба нақша гирифта, айни замон корҳои тозакунӣ дар ин мавзеъҳо ба масофаи 500 метр гузаронида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Соли 2022 дар ҳудуди вилоят 767 ҳодисаҳои фавқулода ба қайд гирифта шудааст

30 декабри соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати Кумитаи ҳолаӣҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ширкати муовини аввали Раиси Кумита , полковник Ҳотамшо Латифзода баргузор шуд, ки дар он  ҳайати шахсии Раёсат ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Раёсати КҲФ дар Суғд фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

29 декабри соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ва Комиссияи эвакуатсионӣ дар соли 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини раиси вилоят Зоҳидзода Даврон, Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати...

Муҳтарам корбарони сомона, дӯстони азиз!

Роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шарикони байналмилалӣ оид ба рушд шуморо бо фарорасии соли 2023 муборакбод мегӯянд!

Бигзор Соли нав барои шумо бехатартарин сол бошад!

Страницы