Ахбори рӯз

Ҳавои сард, бориши барф ва бодҳои шадид. Кай ва дар куҷо?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 9-11-уми январи соли 2023 бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Русия дар қисмати бештари қаламрави ҷумшурб ҳаво сард мешавад ва барфи шадид меборад.

Дарсҳои Паём. Дар як нишаст дар КҲФ ширкаткунандагон дар бораи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ изҳори назар карданд

7 январи соли 2023 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа бахшида ба фаҳмонидани Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президленти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор шуд.

Зикр гардид, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

КҲФ: Роҳи Душанбе – Хуҷанд барои мошинҳои боркаш баста аст. Тавсияҳо ба ронандагон ва сокинон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба хабари навбатдори ширкати роҳи IRS  хабар медиҳад, ки 8-уми январи соли 2023 дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд бар асари бориши барфи шадид ба ҳаракати мошинҳои боркаш маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд.

Роҳ танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз аст.

Замин ларзид, марказ Афғонистон. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷумҳурӣ 5 –уми январи соли равон соати 19:25 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

 Маркази зилзила 256 километр ҷанубу шарқи шаҳри...

Семинар барои директорони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт

Дар Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои 28 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт семинар баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади амалӣ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе, No699 аз 26 декабри соли 2022 «Дар...

Страницы