Мудофиаи гражданӣ

Фаъолияти вазорату идораҳо дар самти ҳолатҳои фавқулода ҷамъбаст шуд

23 декабри соли 2019 дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи  фаъолияти вазорату идораҳои кишвар дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа кормандони масъули вазорату идораҳои кишвар

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар Роғун

Дар шаҳри Роғун ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар соли 2019 ва вазифагузории соҳа  барои соли 2020 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, муовини Раиси комиссия - сардори Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Роғун, сардорони

Анҷоми тамринҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ дар Левакант

Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ҳангоми гузаштан аз давраи осоишта ба замони ҷангӣ”, ки муддати шаш рӯз дар се марҳила гузашт, ба анҷом расид. Он дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои...

Дар ВМКБ ҳолате тамрин шуд, ки маъмулан баъди заминларза ба вуҷуд меояд

Тамринҳои фармондеҳӣ-ситодии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба анҷом расиданд. Ин тамринҳо дар се марҳила тарҳрезӣ ва аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ роҳандозӣ шуданд.

Оқибатҳои "заминларза" дар пойтахт бартараф шуданд, Маркази гармидиҳӣ аз "сӯхтор" эмин монд

Ин буд хулосаи тамринҳои серӯзае, ки дар ноҳияи Фирдавсии пойтахти кишвар роҳандозӣ шуд. Тибқи ривоят бар асари заминларза иншоотҳои давлатӣ ва хонаҳои истиқоматии сокинон хароб шуда буданд. Аз зери шикастапораҳо зарардидагон берун оварда мешуданд ва барои ин кор техникаи муҳандисӣ истифода мешуд, онҳо ба бригадаи ёрии таъҷилӣ, ки ҳамин замон расида буд, супурда мешуданд ва барояшон ёрии тиббӣ мерасиданд.

Страницы