Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2020 кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар қаламрави ноҳияи Ванҷ машқи маҷмуӣ оид ба мудофиаи гражданӣ гузарониданд.
Ин машқҳо муддати се рӯз тибқи мавзуи: “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия” баргузор гашт.
Машқҳо таҳти роҳбарии сардори мудофиаи граждании ноҳия – Раиси Ҳукумати ноҳияи Ванҷ Ҷабборӣ Қосим бо иштироки бевоситаи кормандони масъули КҲФ, ихтиёриён аз гурӯҳи наҷоти Агентии Оғохон оид ба макони зист, ихтиёриён аз созмони Салиби Сурх дар Тоҷикистон, намояндагони комиссияи ноҳиявии мудофиаи гражданӣ, роҳбарони ҷамоатҳо ва ҷалби аҳолии ноҳия гузаштанд.
Дар давраи омӯзишҳо сатҳи омодагиҳои аҳолӣ ба ҳимояи худ аз селҳо, лағзиши тарма, заминларза мавриди баррасӣ қарор гирифт, ҳамчунин омодагии қувваҳо ва воситаҳои мақомоти идории ноҳия ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ шуданд.
Бо мувофиқа бо ҳукумати маҳаллии ноҳия системаи хабардоркунии фаврии аҳолӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдиди ҳолати фавқулода санҷида шуд.
Дар ҷамъбасти машқҳо арзёбӣ шуд, ки ин тамрин ба ҳадафи худ расид. Ҳангоми машқҳо ҳамаи вазифаҳои гузошташуда иҷро гаштанд. Наҷотдиҳандагон ҳамроҳ бо дигар хадамот амалҳо ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногениро таҳияи намуданд.